Занбурӯғи пой аз занбурӯғҳои ба гурӯҳи трихофитанҳо тааллуқдошта пайдо мешавад. Сар задани беморӣ дар натиҷаи осеби пӯсти пой, захмҳо, арақи аз ҳад зиёд кардан, мунтазам бо пойафзоли нороҳат сайругашт кардан ва бемории музмини рагҳои пой ба вуҷуд меояд.
Дар марҳилаҳои аввали беморӣ дар байни ангуштон ва кафҳо хориш ба амал меояд. Вақте ки беморӣ афзоиш меёбад, дар минтақаи сироятёфта илтиҳоб ва захмҳо пайдо мешаванд. Занбурӯғҳо дар нохунҳо низ пайдо мешаванд. Барои муолиҷаи беморӣ ба ҷуз аз доруҳое, ки табиб муқаррар кардааст, қоидаҳои гигиенаи шахсиро риоя кардан лозим аст.
Пойафзолро тоза нигоҳ доштан, пойҳоро дар як рӯз 2 маротиба шустан, ҷӯробро ҳар рӯз иваз кардан ва дарзмол кардан лозим аст.