Ман ҷавони 20-сола ҳастам, вале бо амри тақдир бо духтари 26-сола оила бунёд намудам.
Ба он хотир духтари калонсолро интихоб намудам, ки пирдухтар ба қадри шавҳар мерасад, вале афсӯс...
Ҷангу ҷанҷолҳои мо се сол боз идома доранд. Мо як писарча дорем. Зиндагиям вайрон нашавад гуфта, аз гапи занам берун намебароям. Ҳамсарам аз ин сустиродагиам истифода бурда, маро ғулом карда гирифтааст. Падару модарамро дашномҳои болохонадор медиҳад, маро гадобача гӯён, таъна мезанад. Бовар кунед, барои аз таънаю маломати занам халос шудан, ҳатто ба Русия барои мардикорӣ рафтам, то пули калон кор карда баргардаму дигар калимаи “гадобача”-ро нашунавам, вале на пул даҳони занамро баста тавонисту на панду насиҳат. Ношукрбандаю нописанд аст, ҳама корро бо майлу хоҳиши худаш анҷом медиҳад. Илтимос, хонандагони азиз, маслиҳатам диҳед, бо ин зани нописанд чӣ кор кунам?
Д, хонандаи “Оила”