Салом! Ман як ҷавонзани дар чорсӯйи зиндагӣ зору ҳайрон монда мехоҳам саргузаштамро нақл карда, аз хонандагони рӯзгордидаи “Оила” маслиҳат бипурсам.
Ману шавҳарам ҳамдигарро дӯст дошта хонадор шуда будем, вале оҳиста-оҳиста рафтори мардакам дигар шудан гирифт. Бо ҳар баҳона ба хона дер меомад ва монда шуданашро баҳона карда, чандон ба ман аҳамият намедод.
Дар дилам шубҳа афтид ва ба қавле аз пасаш “шпион” монда, фаҳмидам, ки шавҳарам бо як зани пешхизмат ишқварзӣ мекардааст. Аз рашк девона шудам ва бо шавҳарам ҷангу ҷанҷол карда, дар наздаш шарт гузоштам, ки аз ду якеро интихоб кун: ману бачаҳоят ё ҳамон зан!
Бадбахтона шавҳарам ҳатто хотири соҳиби як писар ва боз ҳомиладор будани маро накарда, ҳамон маъшуқаашро интихоб намуд. Шавҳарам талоқамро дод, вале ман аз хонаи онҳо поямро берун нагузоштам. Ӯ маъшуқаашро ба никоҳи худ дароварда, ҳар рӯз бо ман ҷангу ҷанҷол мекард, ки “ман талоқатро додам, писарамро монда, худат ба хонаи модарат рав ва кӯдаки дар батнат бударо несту нобуд кун, чунки ба ман даркор нест!”Вале исқоти ҳамл накардам ва ба шавҳарам гуфтам, ки ман аз ин хона поямро берун намегузорам, маъқул набошад, худат баромада рав! Шавҳарам сари қаҳру ғазаб ба Русия рафт.
Пас аз рафтанаш чор моҳи дигар истодам, вале бо сабаби ҳомиладорӣ аҳволам бисёр бад шуд ва маҷбур шудам, ки писарамро гирифта, ба хонаи модарам равам. Фарзанди дуюмамро дар хонаи волидонам ба дунё овардам. Шавҳарам боз писар таваллуд карданамро донад ҳам, ману кӯдаконашро аслан суроғ намекард, ҳушу хаёлаш танҳо ба зани наваш буд, вале...
Баъди ба Россия рафтани шавҳарам зани наваш бо мардҳои дигар ишқварзӣ карда мегаштааст. Яке аз ошиқонаш ӯро дар бистари хоб акс гирифта, суратҳояшро ба шавҳарам фиристодааст ва навиштааст, ки зани ту акнун моли ман аст. Шавҳарам баъди дидани он аксҳо аз зани наваш дилхунук шуда, моро суроғ мекардагӣ шуд. Акнун зорию тавалло дорад, ки маро бубахш, биё аз нав никоҳ карда, зиндагиамонро давом диҳем. Мегӯям, ки ту маро талоқ додӣ, дигар ману ту бо ҳам зиста наметавонем, вале мегӯяд, ки баъди талоқ ту писар таваллуд кардӣ, талоқ бекор шуд, акнун метавонем, ки аз нав никоҳ кунем. Сарҳисоби корамро гум кардаам, илтимос маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?