arzon replenishment
Зан дорам, барои очаам боз зан гирам?
17.04.2023
ОИЛА
1636


Ман як нафар хонандаи ҳафтаномаи “Оила” ҳастам. Чор сол аст, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунам. Дар ин муддат ба зани ҳамшаҳрии худамон, ки дар синну сол аз ман шаш сол калонтар аст, ошиқ шуда, издивоҷ кардам.

Писарчаам шукри Аллоҳ яксола шуд. Зиндагиам хушбахтона мегузарад. Занам маро сахт ҳурмат мекунад, вале ду моҳи охир падару модарам занг зада, ҷанҷол доранд, ки ба деҳа баргардам ва духтари интихобкардаи онҳоро ба занӣ бигирам.

Ман ба модарам фаҳмонидам, ки дар мулки рус зану фарзанд дорам, вале волидонам зид щастанд ва таҳдид доранд, ки агар ба хубӣ ба Ватан баргашта зан нагирам, падарам худашон чипта харида, ба наздам меоянду ба зӯрӣ маро кашола карда, барои зангирӣ мебарад.

Аксҳои писарчаамро ба падарам фиристодам, то ки дар дилаш раҳм пайдо шуда, маро зан надиҳад, аммо ӯ маро ҳақорат карда мегӯяд, ки «ту байни се духтар яккаписар ҳастӣ, модарат бемор аст, барои кору бори хона ва хизмати ӯ келин даркор аст». Ман ин вазъиятро ба занам фаҳмондам, аммо завҷаам мегӯяд, ки дар Ватан маош хеле кам аст, зиндагӣ мушкил ва ӯ хоҳиши ба он ҷо рафтанро надорад.

Падарам мегӯяд, ки «биё, тӯю тамошо карда, ҳаваси модаратро шиканем, баъд занатро мону рав». Занам бошад, мегӯяд, ки агар рафта, дар Ватан зан гирӣ, ман бо ту дигар зиндагӣ намекунам. Миёни ду дарё тахтабанд мондаам.

Виҷдонам намебардорад, ки он духтари 19- соларо ба занӣ бигираму баъд боз ба назди зани дар муҳоҷират будаам баргардам, чунки чунин рафтор номардона аст. Бовар кунед, сахт ошуфтаам. Чӣ кор кунам? Маслиҳатам диҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Лариса 2023-04-26, 05:33
Ин кори беаклист волидонатон аз акл бегона шудаанд магар занатро мону рав чи он духтар ба шумо хизматгораст хаёташро насузон волидон хоханд нахоханд мебахшан чунки ту фарзандашони хубаш зану фарзандатро гирифта ба хабаргирияшон рав аз нащдик мардонавор фахмон хамаашро мебахшанд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Лариса 2023-04-26, 05:33
Ин кори беаклист волидонатон аз акл бегона шудаанд магар занатро мону рав чи он духтар ба шумо хизматгораст хаёташро насузон волидон хоханд нахоханд мебахшан чунки ту фарзандашони хубаш зану фарзандатро гирифта ба хабаргирияшон рав аз нащдик мардонавор фахмон хамаашро мебахшанд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД