Як зани тоҷик дар ҳаво дар баландии чанд ҳазор километр духтарча таваллуд кардааст. Тифлаки “осмони”-ро Оиша ном ниҳодаанд...
Ин ҳодисаи аҷиб рӯзи 13-декабр рӯй дода, як зани мусофирро ҳангоми парвоз дар дохили ҳавопаймои “Аэробус”-и ширкати ҳавопаймоии “Уральские авиалинии”дарди зодан мегирад ва мусофирзан дар бора ба ҳайъати экипажи ҳавопаймо хабар медиҳад. Тавре ки Кристина Клюева, сарвари меҳмондорони ин парвоз дар як навори видеоӣ нақл мекунад, вақте зан дар бораи дард доштанаш хабар дод, бо амри сархалабон онҳо эълон кардаанд, ки агар дар байни мусофирон табибон бошанд, аз худ дарак диҳанд.
"Хушбахтона, дар ин тайёра 4 нафар кормандони тиб-як табиби неанатолог, як ренгенолог ва ду момодоя-акушерка низ будаанд ва бо ёрии онҳо ин зани мусофир дар дохили тайёра духтарчаи нозанинеро ба дунё овардааст."
Вазни тифлаки навзод 2600 грам ва қадаш 46 сантиметр будааст. Вазъи саломатии модару кӯдак ба гуфти ҳайъати экипаж хуб буда, сиҳату саломат ба хона баргаштаанд.
Тифлаки “осмонӣ”-ро Оиша ном ниҳодаанд.