sebiston july new
Зан чӣ гуна бояд косметика кунад, то ҳуснаш ба назар табиӣ намояд?
1203

Аксаран бонувон “хушрӯй шавам” гӯён, косметикаи бисёреро ба рӯяшон мемоланд. Дар натиҷа пӯст пажмурда гашта, ба ҷойи зебо шудан, зан баръакс пир ва безеб метобад.

Барои он ки чунин ҳолат ба вуҷуд наояд, қоидаҳои ороиш, яъне косметика карданро риоя намудан лозим аст:

1. Муайян намудани навъи пӯст ва истифода бурдани малҳам мувофиқи пӯст.

2. Риоя намудани қоидаҳои нигоҳубини пӯст: шустушӯ, истифодаи малҳам ва дигар маҳлулҳои лозима.

3. Дуруст тоза кардани “макияж” ( бо оби митселлярӣ, шираи косметикӣ, равғани гидрофилӣ) ва баъдан шустани рӯй.

4. Дуруст нигоҳубин кардани косметика, тамоми малҳамҳо санаи истеҳсол ва тарзи нигоҳубин доранд.

5. Малҳамро 30 дақиқа қабл аз кӯчабароӣ молидан лозим аст.

6. Малҳамро 2 соат қабл аз хоб молидан лозим аст.

7. Истифода бурдани скраб ва дигар намуди малҳамҳои осебовар дар як ҳафта танҳо як маротиба.

8. Барои шустани рӯй собунро истифода набурдан.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД