Боз як садамаи тақдирсӯз як хонаи тҷикро мотамсарой гардонд. Кӯрдуди ғам аз фазои ин хона ба фалак печида, нолаи ҷонгузоду пурсӯзи аҳли хонадон дили санги хороро низ обу адо мекунад, зеро дар як рӯзу як соат се азизи дили онҳо ба фоҷиаи хунин гирифтр гаштанд...
Ин ҳодисаи нохуш рӯзи 28-уми июл, тахминан соатҳои 16:00 сар зада, Асламов Рамазон Тағоевич, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Муъминобод, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-190”, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе, ба самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, зани пиёдагард Валъамади Саидҷаъфар, соли таваллудаш 1995-ро бо ду фарзанди ноболиғаш- Шеров Абдураҳмон Абдуманонович, соли таваллудаш 2016 ва Шерова Азизамоҳ Абдулманоновна, соли таваллудаш 2018 пахш намудааст.
Дар натиҷа, Валъамади Саидҷаъфар дар беморхона ба ҳалокат расида, хурдсолон Шеров А.А. ва Шерова А.А., бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба беморхона бурда шуданд.