Ман вақти бастани ақди никоҳ ба насаби шавҳарам гузашта будам. Бо сабаби ҳеҷ рост наомадани ситораҳоямон ҳоло ману шавҳарам аз ҳам ҷудо шуда истодаем.
Мехоҳам баъди бекор кардани ақди никоҳамон дубора насаби худамро барқарор кунам. Барои ин чӣ корҳоро бояд анҷом диҳам?
Ба саволи хонандаамон адвокат Холида Шомирзоева ҷавоб мегӯяд
Хоҳари азиз! Барои дубора баргаштан ба насаби қаблиатон шумо бояд бо ариза ба суд муроҷиат намоед. Аз собиқ ҳамсаратон фарзандони ноболиғ дошта бошед, ақди никоҳи шумо тариқи суд бо моддаҳои 21 ва 23 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда мешавад.
Танҳо пас аз ин шумо бо ҳалномаи судии ба қувваи қонунӣ даромада ба бахши САҲШ-и ҷои истиқомататон барои дастрас намудани шаҳодатномаи бекор намудани ақди никоҳ муроҷиат намуда, дар аризаатон пас аз бекор намудани ақди никоҳ ба насаби пеш аз никоҳиатон баргаштанатонро талаб карда метавонед.