Одри Шуман, омӯзгори 34-сола аз Испания ҳамроҳи шавҳараш ба саёҳат баромада, бехабар аз он буд, ки ин сафар метавонад сафари охирини умраш бошад. Вақте ки зану шавҳар дар зери тӯфони барф монданд, дили зан муддати 6 соат аз таппидан бозмонд.
Табибон ҳодисаи мазкурро беназир мешуморанд. Сабаби дубора зинда шудани Одриро табибон ба ҳарорати бадани зан алоқаманд месозанд, ки дар ҳамон лаҳзаҳо то +18°С поин фуромада буд. Маҳз ҳамин омил занро то омадани чархбол зинда нигоҳ дошт. Вақте занро ба беморхона бурданд, дилаш базӯр метапид, вале касбияти табибон сабаб гашту узвҳои ҳаётан муҳими Одри ба фаъолият баргаштанд.