Боз як зани шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми парвоз дар дохили тайёра фарзандашро ба дунё овардааст.
Ин ҳодисаи фараҳбахш дар тайёраи ширкати “"Уральские авиалинии" рӯй додааст, ки бо рейси U6-2441 аз фурудгоҳи Жуковский ба шаҳри Душанбе парвоз мекард.
Гуфта мешавад, ки парвози тайёраи рейси U6-2441 рӯзи 10-январ сурат гирифта, ҳамагӣ чанд лаҳза пас аз оғози парвоз доду фиғони яке аз занони мусофир баланд шудааст. Аҳли ҳайъати экипажи тайёра, ки дар байнашон фельдшер Надежда Ивакина ва ҳамшираи шафқат Мадина низ буданд, зуд ба имдод шитофтанд.
Маълум шуд, ки зан ҳомила буда, ӯро дарди зодан гирифтааст. Аҳли экипаж дарҳол ба қабул кардани “меҳмони нав” омодагӣ диданд ва бо кӯмаки онҳо зан тавонист фарзандашро дар дохили тайёра сиҳату саломат ба дунё орад.
Баробари расидан ба фурудгоҳи шаҳри Душанбе модару кӯдакро ба дасти табибони “Ёрии таъҷилӣ” супурдаанд.
Мусофирон аз тавлиди тифл хеле хурсанд шуда, ба ин модари хушбахт 55 ҳазор рубли русӣ ва 3 ҳазор сомонӣ туҳфа додаанд.