Arzon march 2024
Замбурӯғҳои сархӯр боиси марги фоҷиавии як ҷавон гаштанд
380

Дар Хатлон як ҷавони 18-сола бо нияти замбурӯғчинӣ ба кӯҳ баромада, ба таври фоҷиавӣ ҳалок шуд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар додааст.

Ҳодиса шоми 26-уми апрел дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон сар зада, як ҷавони 18-сола ҳамроҳи дӯстонаш ба кӯҳҳои Ховалинг баромадааст. Ҳангоми чидани замбурӯғ ҷавон лағжида, аз баландии 250 метр ба қаъри дараи чуқур афтодааст. Рафиқонаш дарҳол ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дода бошанд ҳам, наҷотдиҳандагон ҷасади ҷавонро субҳи рӯзи дигар – 27-уми апрел, тахминан соатҳои 6-и саҳар пайдо карда, ба мақомот супурдаанд.

Дар робита бо ин ҳодисаи нохуш Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз тамоми сокинони кишвар хоҳиш мекунад, ки дар боду ҳавои номусоид барои чидани замбурӯғ, сиёҳалаф, чукрию торон ва ё сайру саёҳат ба кӯҳсор нараванд. Ҳангоми гаштугузор дар минтақаҳои хатарноки кӯҳӣ ба қоидаҳои бехатарӣ риоя намуда, ҳаёти худро дар хатар нагузоред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД