Закия аз ҷумлаи сарояндагони ҷавону соҳибистеъдод ва хеле самимиву заминии мост, ки бо таронаҳои дилнишинаш кайҳо ба дилҳо роҳ ёфтаву маҳбуб гаштааст. Мехоҳед бидонед, ки Закия чӣ гуна ба санъат роҳ ёфт? Пас, матлаби моро мутолиа намоед!
Пешаи сарояндагиро на аз рӯи ҳавас, балки бо итминони комил ва шавқи зиёд интихоб кардааст. Ӯ корашро дӯст медорад ва мардум ӯро дӯст доштаанд.
Ӯ зимни суҳбат дар мавриди чӣ гуна сароянда шуданаш чунин мегӯяд: “Сарояндагӣ орзуи калони кӯдакиам аст. Ростӣ, аз айёми хурдсолӣ ҳамеша сурудҳои гуногунро зам-зама мекардам. Ҳатто дар ёдам ҳаст, ки замони 4-5-сола буданам дар муҳити хона суруд мехондам. Фикр мекунам, ягон кор бе душворӣ намешавад. Роҳи ҳунар дар ҳақиқат душвортар аст. Агар маслиҳатчии хуб канори ҳунарманд бошаду дар ин пайраҳа ба ӯ ёрӣ расонад, албатта, тай кардани ин роҳ хеле сабуку осон мегардад. Аммо дар ҳолати баръакс, даҳчанд ин роҳ душвор аст. Ҳарчанд ман маълумоти расмии мусиқӣ надорам, лекин дар кадом нота сароиданро дарк мекунам. Фикр мекунам, ки барои сароянда пеш аз ҳама садои хуб доштан муҳим аст. Баъдан, дарки мусиқӣ, чеҳра ва пул”.