Савдогараму дар бозори Корвон материал мефурӯшам. Азбаски тез-тез ба Дубай рафта бор меорам, наметавонам мудом дар сари савдо бошам. Ҷиянам Мутрибаро бо худ гирифта дасташро дар савдо рост кардам. Гумон доштам, ки лахти ҷигарам аст ва хиёнат намекунад, вале…
Аз куҷо медонистам, ки лахти ҷигарам хокамро бо ғалбер мебезад. Мутриба ошиқбоз будааст ва вақтҳои набудани ман ошиқонашро ба бозор даъват карда, пул медодааст. Ин гапро аз даҳони апаи Марворид, ки дар паҳлӯямон либосворӣ мефурӯшад, шунидаму ҳуш аз сарам парид. Аз Дубай барои ҷиянам чаллаи брилиантӣ оварда будам, аблаҳ ҳамон ангуштарини гаронбаҳоро ҳам ба ошиқаш додааст!
Заҳматҳои кашидаам барабас рафтанд, бо касофатии ҷиянаму ошиқонаш аз бори аз Дубай овардаам ба ҷойи фоида зарар дидам. Гуноҳашро исбот намуда Мутрибаро аз кор пеш кардам. Апаам занг зада ҷанҷол бардошт, ки духтарашро тӯҳмат мекунам. Ҳарчанд найрангҳои духтарашро ба апаам фаҳмонам, ҳеҷ маро шунидан нахост. Акнун ҳарду қаҳрием. Борҳоямро бо пули қарз гирифта будам, маҷбур шудам, ки камомади Мутрибаро боз бо қарз пӯшонам. Бонкрот кард маро ҷиянам, вале ба ҷойи узр пурсидан боз модараш аз ман хафаю гиламанду домангир аст.
Дар ин дунё ба ягон кас боварӣ карда намешудааст, на ба худию на ба бегона!
Салмон, аз маҳаллаи Гипрозем