goodwell
Забони ғару дузд дароз аст!
90

Ҳар инсон бояд дар ҷомеа одоби муоширатро риоя кунад. Хусусан занро ҳамеша ба хушгуфторӣ, хоксорӣ ва эҳтироми дигарон даъват мекунанд. Аммо баъзан чунин менамояд, ки баъзеҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ тамоми одоби муоширатро фаромӯш мекунанд. Чанд рӯз пеш ман шоҳиди чунин ҳодиса шудам.

Шом буд. Ҳамроҳи чанд ҳамсабақам аз Китобхонаи миллӣ ба самти маҳаллаи 102 мерафтем. Ҳангоми фаромадан аз микроавтобуси №8 чашмам ба гурӯҳи одамоне афтод, ки дар канори роҳ байни ҳам баҳс мекарданд. Роҳгузарон низ ҷамъ шуда, баъзеҳо ҳодисаро бо телефон сабт мекарданд.

Маълум шуд, ки як ронандаи зан мошинашро нодуруст дар миёнаи роҳ нигоҳ дошта, ҳаракати дигаронро душвор кардааст. Ронандаи дигар аз ӯ хоҳиш кард, ки роҳро холӣ кунад.

Ба ҷойи узр пурсидан, зан бо суханони дағал ҷавоб дод. Баҳс лаҳза ба лаҳза шиддат гирифт. Ронандаи мард худро идора карда натавониста, ба зан даст бардошт ва ӯро сахт таҳдид кард. Мардум зуд дахолат карда, онҳоро аз ҳам ҷудо карданд. Агар одамон намерасиданд, шояд оқибати ин ҷанҷол хеле вазнин мешуд.

Баъди омадани кормандони БДА ҳар ду ҷониб кӯшиш мекарданд худро ҳақ бароранд. Аммо ман ба як чиз бештар таассуф хӯрдам: чӣ гуна як баҳси одии роҳ метавонад дар чанд дақиқа ба таҳқир, дашном ва ҳатто зӯроварӣ табдил ёбад?

Мо бояд фаромӯш накунем, ки сухан ҳам метавонад захм занад. Як ҷумлаи таҳқиромез баъзан оташи ҷанҷолеро меафрӯзад, ки хомӯш карданаш душвор мешавад.

Биёед пеш аз баланд кардани овоз ё гуфтани сухани сахт як лаҳза фикр кунем: шояд як сухани нарм ҷанҷолеро, ки метавонад ҳаёти инсонеро дигар кунад, пешгирӣ намояд.

Комрони АБДУВАЛӢ, донишҷӯ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД