Юсуфҷон Искандаров барандаи ҷоми
барнома-озмуни “Мизони хирад” гашт
Юсуфҷон Искандаров - донишҷӯи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни 200- донишҷу сазовори ҷои якум ва баррандаи ҷоми барнома- озмуни “Мизони хирад” дар соли 2025 гардид.
Дар ин барнома- озмун дар як сол зиёда аз 200 нафар донишҷӯён иштирок мекунанд. Аз ин миён 20- нафар иштирокчиёне, ки сазовори ҷои якум гардидаанд ба даври финалӣ роҳхат гирифта, рақобат миёни онҳо боз ҳам шадидтар мешавад. Дар интиҳо танҳо як нафар сазовори ҷои якум ва соҳиби ҷоми барнома- озмун мегардад.
Ногуфта намонад, ки дар як сол як нафар метавонад сазовори ҷоми ин барнома- озмун гардад.
Барнома озмуни “Мизони хирад” бо ибтикори ТВ Синамо дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар барнома - озмун саволҳои гуногун аз тамоми фанҳо ба донишҷӯён пешниҳод гашта, ба баланд бардоштани савияи дониши онҳо мусоидат менамояд.