formula feb 2025
Юсуф Раҳмон Котиби Шӯрои амният таъин карда шуд
04.02.2025
Oila.tj
251

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқ Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон Аҳмадзод Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, Ҳаётзода Фирдавс Ҷӯрахон муовини Прокурори генералӣ - Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қосимзода Хайриддин Шарифҷон муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.

Инчунин, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Каримӣ Акрам Муҳаммадрасул ҳамзамон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир таъин гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД