arzon replenishment
Язнаамро ҷоду карданд Қисми 2
23.01.2023
Дилошӯб
2440

                               Шок

Бо гузашти се сол апаам соҳиби зиндагии шоистае гашт, хушдорони зиёде дошт, аммо шавҳар намекард. Дар хонаи панҷҳуҷрагии хушҷиҳоз, ҳамроҳи писараш Парвиз, ки акнун дастёраш шуда буд, зиндагӣ мекард. Мошин ва як тиҷорати хурд ҳам дошт. Ман соҳиби ду духтарча шудам, ки апаам онҳоро зиёд дӯст медошт. Шавҳарам ба сафари хидматӣ рафту ман Шаҳлову Шифоямро гирифта хонаи холаҷонаш рафтам. Рӯзи якшанбе буду Сонозу Парвиз якҷоя хона тоза мекарданд. Апаам ёрдамчӣ дошт, вале як ҳафта боз бемори зуком будааст. Ман ҳам ҳамроҳи онҳо ба тамиз кардани хонаҳо сар кардам. Дар ду соат ба қавли апаам «уборкаи генералӣ»-ро ба охир расонидем. Апаам аз як тарабхона хӯрок фармоиш доду худаш ба оро додани дастархон шуруъ кард. Ман “то омадани хӯрок пушти дарро мерӯбам” гӯён, ба подъезд баромадаму гилемчаи пушти дари апаамро гирифтам, то онро афшонам. Аз зери он сурати дар зери чангу хок мондаи Шомурод баромад. Ман онро гирифта, аз назар гузаронидам, ки чашмону даҳону баданаш сӯзан задагӣ буд. Ростӣ, тарсидам, онро ба ҷояш гузоштаму пеши дарро ҷорӯб зада, хона даромадам, зеро дар як филм дида будам, ки ба ин васила шахсро ҷоду мекунанд. Дасту рӯямро шӯста, ба сари дастархон гузаштам. Дар ҳолати шок қарор доштам. Ҳамин вақт апаам гуфт:

- Шомурод бемор шудаасту дина занаш омадааст, ки иҷозат деҳ, Парвизро бинад. Ман ӯро аз пеши дар рондам.

- Чӣ бемор шудааст?,- пурсидам ман.

- Сактаи дил шудаасту парешонхотир гаштааст, пойҳояш низ аз кор мондаанд, дар баданаш ҳар гуна захмҳо баромадаанд.

- Аз зани наваш фарзанд надоштааст, апаҷон?,- гапи Сонозро буридам ман,- бояд иҷозат медодӣ.

Апаам аз ғояти ғазаб суп-сурх шуда, гуфт:

- Худо ӯро зад, маро бадбахт карду ба ғазаби Худо гирифтор шуд, акнун ба хоки пойи ману фарзандам зор аст. Ман як тор мӯйи Парвизро нишонаш намедиҳам.

Он шаб дар хонаи апаам мондам. Ҳарчанд гуфтам, ки Парвизро пеши падараш бар, розӣ нашуд.

Инак, як моҳ мешавд, ки сурати сӯзанзадаи язнаи собиқам, ки имрӯз бемору бистарист, пеши назарам меояд. Чӣ гуна ба апаам гӯям, ки ин кораш нодуруст аст, бигузор гуноҳи язнаамро бахшаду ҷодуяшро кушояд, Парвизро пеши падараш барад? Ҳар кӣ бад кардааст, ҷазояшро Худо медиҳад…

 

БАНОЗ

Таснифи ДИЛОШУБ  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД