Arzon march 2024
Язнаамро ҷоду карданд Қисми 1
22.01.2023
Дилошӯб
1893

             Раҳм ба язнаи ҷодушуда

Мегӯянд, ки ғайбати худиро кардӣ, эътиқоди бегона мепарад, аммо ман ғайбат намекунам. Аз он манзарае, ки дар хонаи апаам дидам, то ҳол ба худ наомадаам, ҳеҷ бовар намекунам… Бовар намекунам, ки апаи як вақтҳо меҳрубону некройи ман ба ин гуна корҳо даст мезада бошад.

                  Нозанини кӯча

Дар хонаи мо чор фарзанд тарбия ёфтаанд. Падару модарам ҳарду дар сехи ноҳияамон, ки ширу ҷурғоту қаймоқ истеҳсол мекард, кор мекарданд. Падарам ронанда буду модарам бошад, ба бастаҳои ширу ҷурғоту қаймоқ коғаз мечаспонд. Мо зиндагии хеле ширину гуворо доштем ва волидонамон кӯшиш мекарданд, то хонему оянда соҳиби касбу кори хубе гардем. Апаам ба донишгоҳи иқтисодӣ дохил шуд, акаҳоям бошад ҳуқуқшинос ва духтур шуданд. Апаам Соноз нахустфарзанди волидонам буд. Ӯ духтари қоматбаланду зебо, хушлибос ва хеле озода буд. Ба қавли кампири ҳамсояамон Моҳсират, мӯйҳои Сонозро як духтари дигар мегуфтанд. Апаам мӯйҳои марғулаи аз зону поёнашро мудом якто бофта, ба қафо мепартофт. Қомати баланду кокулони дарозашро тамошо кунам мегуфтӣ. Апаам хостгорони зиёде дошт, ҳақу ҳамсоя, хешу табор, ҳар кадоме мехостанд нозанини кӯча келини хонадони онҳо бошад, аммо Соноз гуфт, ки то дипломашро нагирад, шавҳар намекунад. Соноз дипломашро гирифту ҳамон рӯз эълон кард, ки ҳамсабақашро дӯст медорад ва ба ӯ ба шавҳар мебарояд. Ҳамсабақаш Шомурод, қоқи дарози бенамуд, аз маҳаллаи тамоман ба мо бегона буд ва волидонам ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ набуданд, аммо Сонози эрка тавонист ғалаба кунад. Падару модари Шомурод аз роҳи дур ба хостгорӣ омаданд ва падару модарам ноилоҷ розӣ шуданд. Дилу бедилон тӯйчае ороста, апаамро ба хонаи бахташ гусел кардем. Ҷуфти ҷавон баъди як ҳафтаи тӯй аз деҳаи дурдасти куҳистон ба пойтахт омаданду зиндагияшонро оғоз намуданд.

              Таърифаки худкома

Падару модарам намехостанд, ки ман мисли апаам рӯзона хонаму бегонаеро хуш карда, шавҳар кунам. Аз ин рӯ, ман ғоибона ба Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил шуда, дар мактаби деҳаамон ба кор даромадам. Дар як сол ду бор ба дарс мерафтам ва табиист, ки дар хонаи иҷораи апаам меистодам. Язнаамро шинохта гирифтам, ӯ худашро зиёд дӯст медошт ва дар хонаи иҷора зиндагӣ кунанд ҳам, барои худаш либосу пойафзоли зиёде харида, фасон шуда мегашт. Медидам, ки апаам аз ӯ дида пули хуб кор мекунад. Язнаам дар як ширкати сохтмонӣ муҳосиб буду апаам бошад, дар бонк кор карда, пули ёфтаашро сарфи шавҳари камбағалу таърифаку худкомааш мекард. Шомуроди лаққӣ фақат худашро таъриф мекарду апаамро паст мезад. Апаам ӯро дӯст медошту ҳама гуноҳҳояшро мебахшид. Оҳиста-оҳиста бо қарзу қавола апаам хонаи якҳуҷрагӣ харид ва он ҷо писаракаш ба дунё омад. Акнун дунёи ӯ писаракаш буд. Парвиз шашмоҳа шуду ӯро ба доя монда, кор баромад, зеро маоши шавҳараш ба зиндагӣ намерасид. Язнаам ҳамоно худашро таъриф мекард, аммо ягон кори шоистаи таъриф надошт. Апаамро маҷбур кард, то қарз гирифта, барои вай мошин харад. Баъди мошин харидан язнаам тамоман тағйир ёфт. Бечора Соноз наметавонист дарди дилашро ба ягон нафари мо гӯяд, зеро аз таънаи он, ки “шӯйи бегона кардӣ, акнун азобашро каш” метарсид, шавхараш Шомурод бошад аз ин истифода карда, ӯро азоб медоду азоб медод.

Дар ин миён ман донишгоҳро хатм кардаму як нафар ҳамсабақи сарватмандаму чанд нафар ҳамдеҳаҳоям хостгор шуданд. Апаам пайваста ба модарам мегуфт, ки “оча, худӣ хуб аст, ба ягон хешу табор диҳед”. Модарам аз ин гапҳои апаам маънӣ бардошта, гуфт:

- Ҳа, пушаймон шудӣ?!

Апаам бо чашмони ашкбор ба вай нигоҳ карда, чизе нагуфт…

                     Ҳаромхиштак

Маро ба писари ҳамсояамон доданд. Шомурод дар тӯйи ман наомад ва апаамро ҳамроҳи Парвизча танҳо фиристод. Апаам бо хаёли парешон, харобу хазон бо либосҳои нимдошт омада буд. Ростӣ дилам ба апаи нозанинам, ки ба доми як таърифаки худкомаи бераҳм афтода буд, сӯхт ва барояш беҳтарин либосамро бароварда додам. Тӯйи ман бо хурсандӣ гузашт. Апаам ду рӯзи дигар дар деҳа монданӣ буд, аммо писараки сесолааш бемор шуду ӯ бегоҳӣ ноилоҷ роҳи пойтахтро пеш гирифт. Акаи табибам ба ӯ доруву дармон фармуда бошад ҳам, апаам “шояд боду ҳаво иваз шуду бачаҳакам касал шуд” гуфта рафт…

Баъд аз рӯи нақли апаам фаҳмидам, ки ҳамон шаб дер ба хона мерасаду Шомуроди ҳаромхиштакро бо як духтараки ҷавон дар бистари хобашон мебинад. Шомурод ба ҷойи узр пурсидан апаамро зери мушту лагад мегирад, ӯро бо дасти шикаставу пардаи гӯши дарида ба беморхона мебаранд ва ӯ дигар ба хонааш барнамегардад. Ариза дода, ҷудо мешаваду ҳамроҳи писараш ба хонаи иҷора мекӯчад. Шавҳари номардаш ҳатто тилловориву куртаҳои ӯро намедиҳад. Дар хонае, ки 99 фисади пулашро Соноз пардохта буд, бо зани наваш зиндагӣ оғоз мекунад.

Ба бахти Соноз, шавҳари маро ба пойтахт ба кор даъват карданду ман ҳамдаму ҳамрозаш шудам, писаракашро нигоҳ мекардам, ёрияш медодам. Соноз бемор шуд, як соли дароз ба табобат машғул буд, вале оҳиста-оҳиста ба худ омад. Акнун мегуфт, ки хуб шуд, ки аз ҳамон ҳаромхиштак ҷудо шудам.

Пас аз ҷудо шудан аз Шомуроди таърифак зиндагии апаам ҷараёни нав гирифт, ӯ дар зинаҳои мансаб боло рафту дар як муддатии кӯтоҳ соҳиби хонаи дуҳуҷрагӣ дар маркази шаҳр шуд.

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД