Arzon march 2024
Ятимону маъюбон ройгон ҳунар меомӯзанд
385

Ҳунар дар ҳаёти инсон нақши бориз дорад. Шахси ҳунарманд ҳар ҷо, ки бошад, азизи дили мардумон аст ва бо шарофати ҳунараш ризқу рӯзии худро бе миннат пайдо мекунад. Бо дарназардошти муҳимияти омӯзиши касбу ҳунар барои инсон вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар ҳамеша талош ба харҷ медиҳад, ки барои соҳибкасб гаштани аҳолӣ, махсусан занону духтарон ва ҷавонон шароитҳои мусоид фароҳам оварад.

Дар шаш моҳи соли равон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии системаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 17008 нафар хонандагон ба таҳсил ва омӯзиши касбу ҳунарҳои гуногуни ба талаботҳои бозори меҳнати муосир ҷавобгӯй фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора 4346 нафарашон занону духтарон мебошанд. Аз ҷумла аз 159 нафар шахсони имкониятҳояшон маҳдуд, ки ба ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шудаанд, 42 нафари эшон духтарони маъюб мебошанд.

Вазорат, ҳамчунин, ба масъалаи ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани ҷавонон, хоса фарзандони оилаҳои камбизоат ва ятимон диққати хоса медиҳад.

Дар нимсолаи аввали соли 2023 аз ҷониби вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 838 нафар ҷавонони нимятим, ки 372 нафарашон духтарон буданд ва 46 нафар ятимони кул ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро фаро гирифта шуданд. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Давлатзода хабар дод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД