Arzon march 2024
ЯТИМИ ЧАШМГУРУСНА
4281

  Зани сарватманде, ки ба хайру садақа одат карда буд, пас аз вафоти шавҳару модаршӯяш бениҳоят фақир шуд. Бо вуҷуди ин, ба хотири шод намудани руҳи шавҳару модаршӯяш, рӯзҳои ҷумъа ғизо омода мекарду ба фарзанди ятими худ фармоиш медод, ки ғизои омодакардаашро ба ҳамсояҳо расонад. Кӯдаки ятими нимгурусна хӯрокро ба ҳамсояҳо тақсим мекард ва худ лаб лесида, ба хона бармегашт.

Шабе ҳангоми бурдани таом писарбача дигар тоқат накарда, ғизоро дар берун бо тарсу ларз хӯрда, ба хонаашон баргашт. Он шаб зан шавҳари раҳматияшро дар хобаш дид, ки мегуфт:

-Танҳо ғизои имшабаат ба ман расид.

Зан аз хоб бедор шуда, аз бачааш пурсид:

-Дишаб таомро ба кӣ додӣ?

Кӯдак аз тарс дар ҷавоб гуфт:

-Ман шабҳои гузашта таомро ба ҳамсояҳо медодам, вале дишаб, ки сахт гурусна будам, аз бӯйи таом оби даҳонам рафт ва сабр аз даст додаму онро худам хӯрдам.

Пас аз ин, зани сарватманд дарк кард, ки аз худнамоӣ дида, шиками фарзанди худро сер кардан беҳтар аст.

                                                                                   

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД