Formula novemver 2024
Ярмаркаҳои арзон дар пойтахти кишвар
364

Сар аз 1 июл то 3 сентябри соли равон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатиро баргузор менамоянд.

Вақти баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишварзӣ ва таомҳои миллӣ аз соати 8 то 11 ва намоиши ҳунарҳои мардумию барномаи фарҳангиву адабӣ аз соати 17:00 то 20:00 муқаррар карда шудааст.

То имрӯз шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Ваҳдат, Конибодом, Қубодиён, Турсунзода ва Ҷайҳун намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии худро баргузор намуданд.

Ҳамин тавр, ду рӯз қабл дар боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллии ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардид.

Дар ин намоиш – фӯруш намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун иштирок намуда, аз маҳсули дасти кишоварзону ҳунармандон дидан намуданд.

ҲАМЧУНИН:

ВАҲДАТ СОҲИБИ "СИПОСНОМА"-И ДУШАНБЕ ШУД

Дар намоиш – фурӯш кишоварзони ноҳия маҳсулотҳои хушсифати ниёзи аввалияро ба монанди тарбузу харбуза, картошкаю пиёз, бодирингу помидор, гушту мева ва ғайраро бо нархи арзон пешниҳоди сокинони шаҳри Душанбе гардониданд.

Ба гуфтаи Диловаршо Собирзода, мудири шуъбаи кишоварзии ноҳияи Ҷайҳун, деҳқонони ин ноҳия дар майдони 19 ҳазору 300 гектар кишти зироатҳоро ба роҳ монда, ба миқдори 140 ҳазор тонна аиёз ва зиёда аз 16 ҳазор тонна мақсулоти полезӣ ҷамъоварӣ намуданд. Ба таъкиди номбурда то имрӯз аз ноҳияи Ҷайҳун зиёда аз 20 ҳазор тонна пиёз ба хориҷи мамлакат содирот карда шудааст.

Зикурулло Ҳайдарзода муовини аввали раиси ноҳияи Ҷайҳун зимни суҳбат бо мо гуфт, ки маҳсулотҳои кишоварзии дар намоиш – фурӯши имрӯз пешниҳод гардида 75 тоннаро ташкил медиҳад ва деҳқонони ноҳия умед доранд, ки ҳамаи маводҳои овардаашонро савдо намоянд.

Бояд гуфт, ки нархи маҳсулотҳои кишоварзӣ дар намоиш – фӯруш қариб як баробар нисбат ба бозорҳои шаҳри душанбе арзонтар буда, ин ҳолат боиси хушнудии сокинони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе гаштааст.

Тавре ки Абдумуъмин Садриддинов, сокини ноҳияи Фирдавсӣ, гуфт, баргузории чунин намоиш – фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ дастархони меҳмонону сокинони пойтахтро ғанӣ гардонида, барои захираи бештари буҷаи ҳар як оила мусоидат мекунад.

Маврид ба зикр аст, ки намоиш – фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ, хунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллӣ то нисфирӯзи идома ёфта, дар қисмати бегоҳи рӯз барномаи консертии омода намудаи ҳунармандони ноҳияи Ҷайҳун манзури сокинони шаҳри Душанбе гардонида мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД