Formula novemver 2024
ЯНГААМРО ОҲИ ДИЛИ МАНИ ЯТИМБАЧА ГИРИФТ...
7068

 

Намедонам ҳашт ë даҳсола будам, ки падару модарам пайи ҳам аз дори фонӣ сафар карданд. Акнун ман дар нимароҳи зиндагй танҳо мондам, зеро ягона фарзанди оила будам. Баъди марги онҳо борони ғам ба сарам боридан гирифту рӯзи равшан бароям чун шаби ялдо торик шуд.

Аз кулбаи вайронаи меросӣ ҳам, ки як вақтҳо мо аз рӯи ноилоҷӣ зиндагӣ мекардем, маҳрум гаштам, чунки амакҳоям онро "мусодира" карданд. Аслан, бобову бибӣ ва хешу табори волидайнам аз онҳо, ки ҳамдигарро дӯст дошта, оила барпо кардаанд, рӯй гардонида буданд. Волидони ғуррамаргам маро бо ақрабои бераҳм дар саҳнаҳои душвору пуртазоди зиндагӣ танҳо гузошта рафтанд...

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буд. Мардум шиками худро базӯр сер мекарданд, баъзан барои соҳиб шудан ба як пора нон рӯйканиву мӯйканиҳо мешуд. Бо вуҷуди шароит надоштан тағоям Азимбой ба болои ду фарзандаш маро ба тарбияи худ гирифт. Янгаам Гулрухсор, ки ҳеҷ исмаш ба ҷисмаш мувофиқ набуд, аз ҳамон лаҳза тамғаи "ғулом" - ро ба пешониам гузошт. Онҳо ҷойи хобамро дар рӯи айвон, ки як қолини аз давраи Дақëнусмонда дошт, муайян карданд. Дар фасли зимистон барои мани ятим ҷойи беҳтару гармтаре аз "кошона" - и чорво ëфт намешуд.

Янгаам доимо чизеро баҳона карда, ба сари ман дод мезад. Ғур - ғурҳои худро ӯ “нӯшдору” меномид. Ман ҳам онро ба таври худ нешдору тафсир мекардам. Ӯ ҳар саҳар барвақт маро барои рӯфтани таги пои чорво ва ба пода бурдани бузу гӯсфандон бедор мекард, лекин тағобачаҳоям то соати нӯҳ хоб мерафтанд.

Рӯзе пода баста шуду чаронидани чорво ба зиммаи ману писарони тағоям Далеру Парвиз монд. Мо пуштаву теппаҳои зиëдеро тай карда, бузу гӯсфанд ва гову гӯсолаҳоро хуб сер кунондем. Вақти баргаштан тағобачаҳоям маро ҳам чун говҳо хала карда меоварданд. Шояд бо ин амалашон вақташон чоқ мешуд, ки завқ бурда, бо навбат мезаданд. Агар гиря карда, ба тағоям хабар кашиданамро гӯям аз хонаашон рондан ва ë дар дашти бекас гузошта рафтанашонро гуфта, таҳдид мекарданд. Ба тағоям хабар кашидан аздусар ба ман нафъ намебахшид, баръакс ду шаппотии обдор зада "хабар накаш, лаънатӣ" мегуфту халос.

Ҳини омадан Далеру Парвиз бо чӯбзанӣ қонеъ нашуда маро болои гӯсола савор карданд. Ҳарчанд, бо тамоми қувват бандашро маҳкам медоштам, ҷонвар чорхез зада, ҳаракати афтонидани маро мекард. Дод занам ҳам, касе ба имдодам намерасид. Билохира, гӯсола ба санге пешпо хӯрда ба замин афтид. Дасту поям маъюб шуд. Тағобачаҳоям шикамамашонро дошта, механдиданд, фиғони ман бошад, ба фалак мерасид. Аз тарси оне, ки мабодо говҳо зери по накунадам, дарақ - дарақ меларзидам. Тағобачаҳоям баъди хандаи хунуки дуру дароз фикри чӣ гуна гуфтани "фоҷиаи дар роҳ рухдодаро" мекарданд.

Ниҳоят бо пои ланг ба хона расидам. Янгаам аз воқеа воқиф гашт ва ба ҷойи он ки бачаҳояшро сарзаниш кунад, “ҳамааш аз пушти ту нонхӯри дарди сар шудааст”, гӯëн алами Исоро аз Мӯсо гирифта, маро зери шатта гирифт.

Баъди гузаштани се ҳафта Далеру Парвиз зери чархи мошин монда, ҷон доданд. Тағоям баъди ин фоҷиа бе ному нишон ғайб зад.

Янгаам Гулрухсор аз ғаму ғуссаи зиëд ба бемории фалаҷи пой гирифтор шуд. Мани як замон дарди сар акнун ягона такягоҳаш дар зиндагӣ будам. Ҳамаи озорҳои ӯро аз лавҳи хотир дур карда, хизматашро мекардам. Янгаам аз корҳои кардаи худ пушаймон шуда, ашк мерехту афсӯс мехӯрд. Шояд сабаби ин балоҳо “оҳи дили мани ятим бошад” гуфта, фикр мекардам. Дар урфият беҳуда намегӯянд, ки "Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад". Бале, имрӯз янгаи оинанамоям мӯҳтоҷи мани хокистар гардид.

Худ, ки ятим ва бо азоб ба воя расидаам, аз ҳамаи парасторон хоҳиш мекунам, ки ятимонро некӯ нигаҳ доранду дуруст тарбия кунанд, чунки онҳо монанди пуле ҳастанд, ки метавон ба воситаашон соҳиби ҷаннати ҷовидон ва ë гирифтори оташи абадии ҷаҳаннам гардед.

 

Абдуғаффор Шодиев,

сокини шаҳри Истаравшан

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД