26 сентябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи Маҷлиси Олӣ- парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст. Чунин омадааст дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки 22 июни соли 2023, № 1973 ба имзо расидааст.
Дар боби 1, моддаи 1-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чунин омадааст: «Маҷлиси Олӣ — парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».
"Маҷлиси Олӣ аз ду Маҷлис — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст. Маҷлиси миллӣ аз 33 аъзо иборат буда, аз ҷумла 25 аъзои он ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мегарданд. 8 нафар аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад".
Маҷлиси намояндагон аз 63 вакил иборат аст, ки онҳо дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешаванд. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад.
"Тартиби интихоби аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар менамоянд",- чунин дарҷ ёфтааст дар боби 1, моддаи 2-и Қонуни мазкур.