Имрӯз дар километри 16-уми роҳи Душанбе - Чаноқ ронандаи автомобили тамғаи "Опел" бо сабаби он ки дар сари чанбарак хобаш бурдааст, аз роҳ баромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.
“Мутаассифона, дар натиҷаи ин садама як нафар ба ҳалокат расида, 4 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд”,-хабар додааст “IRS”.
“IRS” ширкате, ки дар Тоҷикистон нигоҳубини роҳи Душанбе – Чаноқро ба уҳда дорад, аз ронандагон хоҳиш намудааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ, эҳтиёткор бошанд.