Як сокини шаҳри Душанбе аз он шикоят кардааст, ки сокини 27 солаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба бвоариаш даромада, аз ӯ зиёда аз як миллион сомониашро гирифта, дигар барнагардонидааст.
Тавре вазорати корҳои дохилӣ хабар додааст , марди 34 сола сокини шаҳри Душанбе ба ШВКД- 1 дар ноҳияи Фирдавсӣ буда, муроҷиат карда гуфтааст, ки 19-уми июли соли 2021, марди 27-сол, аз ноҳияи Восеъ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1 миллиону 165 ҳазору 353 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад, омадааст дар хабар.