Sebiston new 2024 october
Як халта орд 300 сомонӣ! Вой бар ҳоли тоҷики серфарзанд
2635


Кампиракону мӯйсафедони тоҷик ба касе дуои нек доданӣ шаванд, дастонашонро сӯйи само бардошта мегӯянд: “Илоҳо хонаат пур аз бачаю дастурхонат ҳамеша пур аз кулча бошад!”
Дар зери ин дуои мӯйсафедон як ҷаҳон маънӣ ниҳон аст, зеро тоҷикон аз қадимулайём мардуми серфарзанд буда, нон маҳсулоти асосии ғизоии миллат ба шумор меравад. Дар хонаи тоҷик гӯшту моҳӣ набошад, кабобу шароб набошад, мағзу мавиз набошад, қанду қандалот набошад, аслан боке нест, аммо набудани нон ин фоҷиа аст.

орд-3
Дар давраҳои душвортарини таърихӣ-солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва давраи баъди ҷанг низ ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки нархи орд, маҳсулоти ордӣ, биринҷ, равған ва картошкаро назорат карда истанд, то аз ҳад боло наравад, зеро ин маҳсулот аз зумраи маҳсулоти асосии ғизоии мардуми тоҷик ба шумор мерафт. Мутаасифона, вақтҳои охир нархи орд тез-тез баланд мешавад.
Дар бадали чанд соли охир нархи як халта орд аз 150 то 250 сомонӣ ҷаҳида, кашидани аробаи зиндагӣ барои тоҷикон, махсусан барои одамони серфарзанд ниҳоят душвор гашт. Тасаввур кунед, магар барои шахсе, ки 5-6 фарзанд дорад ва дар як моҳ ҳамагӣ 700-800 сомонӣ маош мегирад, бар ивази 250 сомонӣ фақат як халта орд харидан осон аст?!
Норозигиҳо аз нархи орд дар байни аҳолӣ зиёд ба мушоҳида расанд ҳам, марум ба хотири сер кардани фарзандонашон ночор бо чунин қимат орд мехариданд, вале “бозор бардорад, зам кун” гуфтагӣ барин, фурӯшандагони орд боз қиммати ин маҳсулотро баланд бардоштанд. Ба қавли Спутник-Тоҷикистон нархи орд якбора 20 сомонӣ боло рафта, акнун як халта орд бо қимати 280-310 сомонӣ фурӯхта мешавад! Ногуфта намонад, ки нархи аз ҳама баланди орд ва маҳсулоти ордӣ дар Бадахшон ба назар мерасад, аммо вазъият дар бозорҳои шаҳри Душанбе, навоҳии тобеи марказ ва Вилояти Суғд низ беҳтар нест. Масъулин сабаби болоравии нархи ордро дар афзоиши қимати он аз ҷониби истеҳсолкунандагони беруна маънидод карда мегӯянд, мо гандумро асосан аз Қазоқистон меорем ва бо сабаби камбориш омадани сол имсол гандум он ҷо хуб нарӯидаву нархи онро баланд бардоштаанд, аммо ...
Аҷибаш он аст, ки нархи орди ватанӣ аз орде, ки аз Қазоқистон меояд, заррае фарқ надорад, масалан як халта орди навъи “Дастархон”, ки истеҳсоли худи Тоҷикистон мебошад, то ба 310 сомонӣ расидааст! Инсоф куҷост?!
Аз касе пӯшида нест, ки дар кишвари мо аксари мардум зиндагии миёнаҳолона доранд ва оилаҳое ҳастанд, ки моҳҳо рӯйи гӯшт, моҳӣ, ҳасиб, панир ва дигар хӯрданиҳои лазизро намебинанд. Нон, биринҷ, картошка ва равған-ҳамин аст анвои маҳсулоти асосии хӯрдании мо. Фурӯшандаҳо! Нархи ору равғанро ҳар ҳафта боло бурда, мардуми бечораро аз ҳамон “чою чаппоти”-и бобоӣ ҳам маҳрум насозед, ки оҳи дили камбағалон домангиратон хоҳад гашт!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД