Ҳамасола дар рӯзи 8-уми март манзили бибии Нисолат серодам мешавад. Дар ин рӯз фарзандону пайвандон, набераю аберагон ва хешу табор бо дастовезу тӯҳфаҳои зиёд ба аёдати ин пиразани табаррук омада, дар “Рӯзи Модар" аз ӯ як каф дуои сафед мегиранд.
Вақте ки назиконаш Нисолатбибиро ҳалқасон печонда, дар атрофаш рақсу бозӣ мекунанд, кампир аз хурсандӣ курта-курта гӯшт гирифта, худоро шукр мегӯяд, ки давлати пириро насибаш гардонидааст.
Хабарнигори сомонаи "Оила.тҷ" Абдуғаффор Шодиев низ дар “Рӯзи модар” ба дидорбинии Нисолатбибӣ рафт, то аз рӯзгори ин пиразани хушбахт, ки умри дарози пурбаракате насибаш гаштааст, бароятон ҳикоят кунад
Зане, ки дар 90- сол бо касе ҷанҷол накардааст
Пиру барнои Истаравшан холаи Нисолатро хуб мешиносанд ва ҳурмату эҳтиром мекунанд. Ин зани сар то по ҳунар 90-сол дошта, дар деҳаи Саримазори Истаравшан зиндагӣ мекунад. Нисолат-бибӣ 75-соли умри пурборашро сарфи ҳунармандӣ намуда, бо нӯги сӯзани сеҳрангезаш зиндагии оилавиашро пеш бурдааст.
Холаи Нисолатро бештар дили поку меҳрубон ва суханҳои ширину намакинаш маҳбуби мардум гардонидааст. Аксарият ӯро васфу ситоиш карда мегӯянд: “Биби-Нисолат одам не, ҷони одам аст!”
Дар 90-соли умраш ин зани сабур ва оқила бо касе аз хешу табор ё ҳаққу ҳамсоя боре ҳам "ману ту" накардааст, аз ҳамин хотир аксарият зиндагии холаи Нисолатро барои дигарон, хоса баҳри ҷавонон намунаи ибрат медонанд.
Аламҳои ятимӣ
Нисолат Раҳмонова аз меҳру муҳаббати волидайн барвақт бенасиб гаштааст. Падараш замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои дифои меҳан сина сипар намуда, дар мубориза бо фашизм, дар роҳи тинҷиву оромӣ ва ободиву озодӣ шаҳид гаштааст. Пас аз марги падар бобояш Эшони Мударрис ӯро ба тарбияи худ гирифта ба воя расонидааст.
"Вақте ҶБВ оғоз меёбад, ҳазорҳо нафар мардонро ба ҷанг сафарбар намудаанд. Дар қатори онҳо падарам ҳам баҳри ҳимояи Ватан ба ҷанг рафтаанд, аммо бе ному нишон ғайб задаанд. Дигар наомаданд, ҳатто надонистем ки зиндаанд ё мурда... Ҳарчанд медонистем, ки падарам ҷон дар кафи даст гирифта ба ҷанг рафтаанд, аммо ба бозгашташон умеди калон доштем, вале дигар барнагаштанд. Ҳамин тавр мо ба тарбияи бобоям абадан гузаштем" – даврони бачагиашро бо алам ба ёд оварда мегӯяд қаҳрамони мо.
Ҳунар хушбахтӣ меорад
Аз байни тоқидӯзону тоқифурӯшони номдори Истаравшан шахсеро пайдо кардан душвор аст, ки дар умраш ягон бор тоқиҳои холаи Нисолатро харидорӣ накарда бошад, чунки ин зани панҷ панҷааш ҳунар 75-сол бо тоқидузӣ машғул шуда, миёни хосу ом шӯҳрат ёфтааст. Қаҳрамони мо тоқидӯзиро аз модаркалонаш омӯхтааст. Тавре ки худи Бибӣ-Нисолат нақл мекунад:
"Дар замони наврасии мо ҳамаи духтурону писарон назди модар, бибӣ ё ҳамсояашон рафта, ягон ҳунарро меомӯхтанд. Одамони қадим "ҳунарманд ҳеҷ гоҳ дарнамемонад" гуфта таъкид мекарданд. Модаркалонам дар Ӯротеппа тоқидӯзи номӣ буданд. Ман ҳам дар қатори дигар шогирдонашон назди он кас шишта ҳунари тоқидӯзиро омӯхтам. Ҳамин тавр сирру асрори ин касбро ёд гирифтам. Ҳар гоҳ, ки аз пушти ҳунарам таъриф шунавам, модаркалонамро дуои нек мекардам, ки дар вақташ ба ман тоқидӯзиро ёд доданд. Ман 75-соли дароз тоқӣ медӯхтам, вале имрӯзҳо, ки синну солам рафтааст, дигар бо дӯхтани тоқӣ машғул намешавам, чунки чашмам намебинад. Аммо ба набераю абераҳоям нозукиҳои ҳунари тоҷидӯзиро мефаҳмонам”- мегӯяд Нисолат-бибӣ.
Холаи Нисолат солҳо дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамроҳи бобояш Эшони Мударрис зиндагӣ карда, дар ҳамон давра аз бибияш тоқидӯзиро омӯхтааст. Тоҷиҳои дӯхтаи ӯро дар бозори шаҳри Тошканд мизоҷон ба қавле талош карда мегирифтанд, чунки бисёр хушсифатбуданд.
"Инсон агар дар зиндагӣ ягон ҳунарро омӯзад, ҳамон касбу ҳунари омӯхтааст доимо ҳамроҳаш мешаваду ӯро дар гиру дори даҳр танҳо намегузорад. Шукронаи Парвардигор аз пушти ҳаимн ҳунарам ман дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ ба касе мӯҳтоҷ нашудам. Шавҳарам ҳама чизро дар хона таъмин мекарданд, аммо ман ҳамеша тоқӣ медӯхтам,чунки вақти дӯхтан ғубори дилам мебаромад" –қисса мекунад Нисолат Раҳмонова.
Ин зани гулдаст танҳо бо ҳунари тоқидӯзӣ машғул нашуда, рӯймол, ҷома ва чапон низ медӯхтааст.
Бозгашт ба Ӯротеппа
Аз рӯйи нақли худи Нисолат-бибӣ баъди ба итмом расидани ҷанг ва барқарор гаштани сулҳу оромӣ қаҳрамони мо ҳамроҳи бобояш аз Ӯзбекистон ба Истаравшан баргашта, соли 1954 ба шавҳар баромадааст. Холаи Нисолат имрӯз ҳамроҳи шавҳараш бобои Нуриддин зиндагии хушбахтона доранд. Ба издивоҷи онҳо 69 сол пур мешавад. Пиру кампир соҳиби чор писару ду духтар, 19 набера, 42 абера ва як чабера мебошанд.
Қаҳрамони мо аз сулҳу субот ва ободии ватанамон хушҳол буда, пайваста барои тинҷиву оромии мамлакати азизамон дуо мекунад.
Оре, маҳз ҳамин фазои истиқлол аст, ки пайвандон имрӯз модари меҳрубон-Нисолатбибиро бо “Рӯзи Модар” табрик карда, як каф дуои сафедашро мегиранд. Нисолат-бибӣ гули садбарг, лолаи сурх, райҳон ва намошомгулро дӯст медорад. Аз ҳамин хотир фазандонаш дар “Рӯзи Модар” аз Душанбеву Хуҷанд барояш гул меоранд, то табъи ин модари азиз болида гардад.
Абдуғаффор Шодиев