arzon replenishment
Як гови рихин подаро меолонад
1303

 

Куштори ваҳшиёнаи як духтари 17-солаи рус ба дасти ошиқи 27-солаи тоҷикаш ба мавзуи №1-и расонаҳои русӣ табдил ёфта, аҳли ҷомеаро сахт ба шӯр овардааст. Намояндагони баъзе ҳизбҳои сиёсӣ талаб карда истодаанд, ки муҳоҷирон ба таври иҷборӣ аз Россия “депортатисия” карда шаванд...

Анастасияи 17-сола, ки ҳанӯз хонандаи мактаб буд, шоми 26-июл дар кӯчаи Лесосечнаяи маҳаллаи Нежная Елтовская, ҳамагӣ 16 километр дуртар аз зодгоҳаш Бертс аз ҷониби як ҷавони тоҷик бо номи Хушнуд Ҳамроев ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида шудааст. Ду ронандаи таксӣ шоҳиди бевоситаи ин ҷинояти вазнин гашта, лаҳзаи куштори бераҳмонаи духтари ноболиғро ба дасти ошиқаш дар камераҳои видеорегистратори мошинҳояшон сабт намудаанд. Дар навор дида мешавад, ки чи тавр ин ҷавони бераҳм ваҳшиёна аз паси духтар медавад ва ӯро ба заимн хобонда кордборон мекунад. Маҷнуни қотил ҳатто баъди аз тапидану дасту по занӣ бозмондани духтар низ ором нагирифта, пайкари ӯро девонавор кордборон кардан мегирад ва танҳо баъди оне, ки кори духтар тамом шуд, рӯ ба ҷангал мегурезад... Ронандагони талхакаф шуда тозон ба имдод мешитбанд, вале аллакай дер шуда, духтар кайҳо ҷон дода буд.

Баъдан дар рафти ташхиси судӣ-тиббӣ дар бадани марҳум 15 захми кордро пайдо намуданд ва субҳи 27-июл Хушнуд Ҳамроев аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ҳамчун гумонбар дар куштори бераҳмонаи ин духтари рус дастгир карда шуд.

Дар як навори видеоӣ, ки кумитаи тафтишотӣ пахш намудааст, ин ҷавони тоҷик ба гуноҳаш иқрор шуда ба саволҳои муфаттиш чунин ҷавоб медиҳад:

-Барои чӣ дастгир шудӣ?

- Барои одамкушӣ.

- Киро куштӣ?

- Маъшуқаамро.

- Бо чӣ куштӣ?

- ... (баъди хомӯшии тӯлонӣ) Бо корд.

 

Ин навор ба рӯйи оташи қаҳру ғазаби мардуми рус дубора гӯё бензин пошида, фаъолони ҷомеаи русро ба муқобили муҳоҷирони меҳнатӣ шӯронд. Аз ҷумла ҳизби либерал-демократии Россия (ЛДПР) талаб кардааст, ки қонунҳои муҳоҷиратии Россия пурзӯр гардонида шуда, муҳоҷиронро “депорт” ва ба таври иҷборӣ ба зодгоҳашон фиристанд.

“Фоҷиаи дар Новсибирск рӯй дода, аз ҷониби шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон аз рӯйи рашк ба таври ваҳшиёна кушта шудани духтараки 17-сола бори дигар собит менамояд, ки қонун дар бораи ихроҷ ва манъи вуруди муҳоҷирон бояд қатъиян риоя карда шавад”-омадааст дар муроҷиатномае, ки дар сомонаи расмии ҳизб ҷой дода шудааст.

 

Аъзоёни ЛДПР бар он андешаанд, ки меҳмоннавозии Россия аз ҳад гузаштааст ва акнун мебояд қонунҳои муҳоҷиратиро пурзӯр намуда, муҳоҷиронро барои хурдтарин хатогӣ “депорт” намоянд ва иҷборан ба ҷое фиристанд, ки аз он ҷо омадаанд.

«Россия давлати меҳмоннавоз аст, вале содироти криминал ба мо тамоман лозим нест! Ниёз ба қувваи корӣ барои чашм пӯшидан аз чунин амалҳои ваҳшиёнаи муҳоҷирон баҳона шуда наметавонад. Ин ҳанӯз зангӯлаи аввалин аст, фақат худо медонад, ки боз чи ҳодисаҳои хунин рӯй медиҳанд”-омадааст дар муроҷиатнома.

Намояндагони ин ҳизб талаб доранд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар се моҳ як маротиба бояд ба таври ҳатмӣ аз ҳисоби худашон аз ташхиси экспертизаи наркологӣ гузаронида шаванд.

Мардуми тоҷик мақоле доранд: “Як гови рихин подаро меолонад” рафтори ин ҷавони ваҳшисифат ба ҳамон гови рихин мемонад, зеро ин Маҷнуни беандеша сари тамоми миллати тоҷикро паст кард ва акнун аз рӯйи ӯ садҳо ҳазор муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия азоб хоҳанд кашид.

Ёдрас мешавем, ки Хушнуд Ҳамроев қаблан низ барои ҷинояти ба ҳамин монанд , яъне бо корд ба як духтари маҳаллӣ ҳамла карданаш ба мӯҳлати 4 сол аз озодӣ маҳрум гашта буд, вале бо сабабҳои номаълум ин ҷавони ҷиноятпеша баъди як сол ба озодӣ баромадааст. Модари Анастасия гуфтааст, ки ин ҷавон чанд вақт боз дар қасди куштани фарзандаш буд ва дар ин бора вай ба мақомот низ арз карда буд, вале ин масъаларо нодида гирифтанд. Бепарвоӣ билохира ба фоҷиа оварда расонд ва Анастасияи 17-сола бо дасти ошиқи кӯрдилаш бо 15 зарбаи корд кушта шуд, вале барои ин гуноҳи як ҷавони ваҳшӣ магар тамоми муҳоҷирон ҷавобгаранд?!

Ф. Сатторӣ

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД