Wildberries аввалин нуқтаи гирифтани фармоишҳоро дар Помир ифтитоҳ мекунад
27.10.2025
Oila.tj
45

Wildberries, яке аз бузургтарин фурӯшгоҳҳои онлайнӣ дар Русия ва кишварҳои ИДМ, аз ифтитоҳи нуқтаи гирифтани фармоишҳо дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод.

Ин аввалин нуқтаи гирифтани фармоишҳо дар минтақа ва баландтарин нуқтаи Wildberries дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад - он дар баландии тақрибан 2,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.

Хидматрасонии нуқтаи нав барои тамоми вилоят - шаҳри Хоруғ, ҳафт ноҳия, чаҳор шаҳрак ва 42 ҷамоати деҳот равона шудааст. Ҳамин тавр, зиёда аз 150–180 ҳазор сокинони ВМКБ, ки ба интернет дастрасӣ доранд, метавонанд аз хидматрасониҳои Wildberries истифода баранд.

Барои муштариёни минтақа тамоми номгӯйи маҳсулоти Wildberries, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасанд, пешниҳод мешавад — миллионҳо намуди молу маҳсулот барои хона, либос, пойафзол, электроника, косметика ва ғайра.

Расонидани фармоиш ба шаҳри Хоруғ ройгон буда, муҳлати таҳвил ба ҳисоби миёна 7–8 рӯзро ташкил медиҳад. Молҳо бо нақлиёти ҳавоӣ ба Тоҷикистон оварда шуда, сипас бо роҳҳои мошингард ба Хоруғ интиқол дода мешаванд.

"Ифтитоҳи нуқтаи гирифтани фармоишҳо дар Хоруғ як қадами муҳим дар рушди тиҷорати электронии тамоми минтақаҳои Тоҷикистон аст. Мо шод ҳастем, ки сокинони Помир акнун ба маҷмӯи васеи молҳо ва хадамоти роҳати таҳвил, ки аз сатҳи пойтахтҳо камтар нест, дастрасӣ пайдо мекунанд", —мегӯяд Хусрав Султонов, намояндаи ширкати DC Market, шарики Wildberries дар Тоҷикистон.

Wildberries моҳи апрели соли 2025 вориди бозори Тоҷикистон шуд ва ифтитоҳи нуқтаи хидматрасонӣ дар Помир қисме аз стратегияи рушди инфрасохтор ва фароҳамсозии имкониятҳои нав барои харидорон дар минтақа мебошад.

1_24

Ширкат якҷо бо ДС Маркет ният дорад, ки дар оянда 40 нуқтаи гирифтани фармоишҳоро ифтитоҳ намояд. Ҳар сокини Тоҷикистон ҳам, ки ҳамчун шахси ҳуқуқӣ фаъолият мекунад, метавонад шарики Wildberries бошад.

Айни замон Wildberries дар даҳ бозор, аз ҷумла дар Русия, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон фаъолият дошта, инчунин бо фурӯшандаҳо аз Чин ва Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамкорӣ мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД