Sebiston new 2024 october
Ворисаро 13 корд заданду Умедаро 11 корд
1330


Тафсилоти куштори ваҳшиёнаи
занҳои фаррош дар Деваштич
Куштори ваҳшиёнаи 2 зани фаррош дар ноҳияи Деваштич (собиқ ноҳияи Ғончи”-и Вилояти Суғд имрӯз ба мавзӯи №1-и расонаҳои кишвар табдил ёфтааст.

Маълум мешавад, ки қурбониёни ин фоҷиа ҳарду аз як оила ва янгаву хоҳаршӯй будаанд ва ҳангоми шустани ҷисми дар хуну халаф ғарқи ин ду зани шаҳид мурдашӯйҳо дар бадани яке 13 ва дар бадани дуввуми 11 захми чуқури кордро ҳисоб кардаанд...


Имрӯз сомонаи Farazh.tj дар такя ба гуфтаҳои яке аз пайвандони ин занҳои шаҳид тафсилоти ин куштори бераҳмонаро нашр намудааст. Мӯниса Фозилова, яке аз хешовандони фаррошзанҳои шаҳидгашта ба хабарнигори ин сомона гуфтааст, ки кушташудагон Вориса Фозилова хоҳараш ва Умеда Зокирова зани додараш мешаванд ва ҳарду дар деҳаи Ғазантараки ҷамоати Ғазантараки ноҳияи Деваштич зиндагӣ мекарданд.

Вориса ва Умеда 3 сол боз ҳамчун фаррош дар Идораи замини ноҳияи Деваштич кор мекардаанд.
Ба гуфти Муниса Фозилова, хоҳараш Вориса ва янгааш Умеда одамони хоксор ва оддӣ буда, ҳаргиз ба баду неки дигарон кор надоштаанд. Музди ночизе бигиранд ҳам, онҳо аз сидқи дил меҳнат карда, ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки нонашонро ҳалол карда хӯранд.

Як рӯз қабл аз сар задани ин ҳодисаи ваҳшатнок дар идораи замин камтар сӯхтор сар зада будааст ва рӯзи наҳси 17-июл Ворисаю Умеда барои поккорию бартараф кардани оқибатҳои сӯхтор ба макони оташсӯзӣ рафтаанд, вале бо пойи худ рафта бошанд ҳам, аз он ҷониб ҷисми беҷон ва ғарқи хунашонро ба хона оварданд.


Муниса Фозилова ин ҳодисаи хунинро шарҳ дода бо алам гуфтааст:
– Аз сабабе, ки кормандони идора рӯзҳои шанбе то дервақт кор мекунанд, фаррошон рӯзи якшанбе барои тоза кардани утоқҳои корӣ мераванд.

Ин ҳодисаи хунин рӯзи якшанбеи 17-уми июл рух дод, вале то ҳанӯз сабабашро намедонем. Хоҳарам Вориса 56-солаю келинамон Умеда 45-сола буд. Аз хоҳарам 1 писар ва аз зани додарам 3 духтари ноболиғ ятим монданд...
Аз рӯйи нақли Муниса Фозилова, пайвандони ӯро хеле бераҳмона ба қатл расонида, якеро бо 13 зарби корд ва дуюмиро бо 11 зарбаи корд куштаанд:


“Як келинамон духтур аст, вақти шустани бадани майитҳо ҳамааш маълум шуд. Пайи кордҳоро ҳисоб кардем, яке 13 ва дигаре 11 захми корд дошт, ки хеле чуқур буданд”-гуфааст ин зани ҷигарсӯхта.
Айни замон бо гумони даст доштан дар куштори ин ду зани фаррош марде бо исми Сабоҳиддин Мунавварзода боздошт шуда, алайҳи ӯ бо моддаи 104-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.

Бархе гумонбарро корманди идораи замини ноҳияи Деваштич ва гурӯҳи дигар корманди идораи ободонӣ ном мебаранд.Дар сурати собит гаштани гуноҳаш ба Саҳобиддин Мунавваров барои куштани ду нафар то 25 соли зиндон ё ҳабси умрбод таҳдид мекунад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД