Commerce bank may-june 2026
Воридоти сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон зиёд шудааст
77

Воридоти сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон имсол нисбати соли гузашта ба маротиб афзудааст.

Тавре Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон имрӯз, 28-уми июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар семоҳаи аввали соли 2026 воридоти сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон 1 898,1 млн долларро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 357,5 млн доллар ё 23,2% зиёд мебошад. Аз ин маблағ ҳаҷми сармояи мустақим 187,7 млн долларро ташкил медиҳад, ки дар қиёс бо нишондиҳандаи соли гузашта 70,6 млн доллар ё 60,3% афзудааст.

Дар идомаи суҳбат зикр карда шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2026 Кумита 6 созишномаи сармоягузориро ба маблағи 1 миллиарду 455 млн доллари амрикоӣ ба имзо расонида, дар доираи татбиқи ин лоиҳаҳо будёди як қатор корхонаҳои истеҳсолӣ дар соҳаи энергетика, саноат, маъдантозакунӣ ва таъсиси зиёда аз ду ҳазор ҷойҳои нави корӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар дар назар дошта шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД