arzon replenishment
Волидони ноболиғ ба фарзанди худ чӣ ҳуқуқҳо доранд?
27.05.2023
ОИЛА
598


Ба саволҳои хонандагони «Оила» адвокат Иноят Иноятов ҷавоб медиҳад. Доир ба машварати ҳуқуқии оилавӣ ва баҳсҳои ҳуқуқии оилавӣ метавонед ба телефони боварии адвокат 98-517-02-21 занг занед.

Савол
Дар бораи масъулияти волидон дар тарбияи фарзанд бисёр мегӯянд. Мехоҳам донам, падару модаре, ки худашон ноболиғ ҳастанд, нисбати кӯдаки тавалудшудаашон чӣ ҳуқуқҳо доранд?
Нозима, шаҳри Панҷакент.


Посух
Падару модари ноболиғ ҳуқуқ доранд бо кӯдак мустақилона зиндагӣ кунанд ва дар тарбияи ӯ иштирок намоянд. Падару модари ноболиғ, ки ақди никоҳ набастаанд, дар сурати таваллуд шудани кӯдак ҳақ доранд пас аз расидан ба синни ҳабдаҳсолагӣ мустақилона ҳуқуқи падару модарии худро татбиқ намоянд.

То ба синни ҳабдаҳсолагӣ расидани падару модари ноболиғ ба кӯдак васӣ таъин шуданаш мумкин аст, ки якҷоя бо падару модари ноболиғ тарбияи кӯдакро анҷом медиҳад. Ихтилофе, ки байни васии кӯдак ва падару модари ноболиғ ба миён меоянд, аз ҷониби мақоми васояту парасторӣ ҳал карда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД