Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба ҳодисаи куштори духтараки 8-сола Руфейда Иноятова фавран вокуниш кард.
Тавре дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ менависад, Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе аз ҳодисаи куштори духтараки 8-сола Руфейда Иноятова дар ноҳияи Рӯдакӣ сахт андуҳгин буда, раванди тафтиши қазияро бевосита худашон назорат мекунад.
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки муроҷиати дастаҷамъонаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳти унвони "Мо ҷонибдори амнияти фарзандонамон" ба унвони Рустами Эмомалӣ, мавриди баррасӣ қарор дорад.
Раиси Маҷлиси миллӣ вобаста ба ҳодисаи мазкур Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният ва Прокуратураи генералиро муваззаф намудааст, ки ҷиҳати анҷом додани чорабиниҳои таъхирнопазири тафтишотӣ ва муайянсозии сабабу омилҳои ба содиршавии ин ҷинояти мудҳиш мусоидаткунанда тадбирҳои саривақтӣ ва зарурӣ андешанд.
Ҳамчунин, манбаъ таъкид кардааст, ки ҷазо ва ҷавобгарии ҷиноятӣ вобаста ба ин қабил ҷиноятҳо пурзӯр карда шудааст.
Хабари кушта шудани Руфейда Иноятоваи 8 –сола, сару садои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Дар пайи он як гурӯҳ фаъолон ба Рустами Эмомалӣ муроҷиат карданд, ки ҷазо барои ин намуд ҷиноятҳо пурзӯр карда шавад.