Мубориза бо вобои охирзамон-коронавирус имрӯз дар сар то сари ҷаҳон бо суръат идома дорад, вале бар асари ин вируси маргзо садҳо ҳазор одамон ҷони ширини худро аз даст дода бошанд ҳам, ҳанӯз на ҳама бо ихтиёри худ ба гирифтани воксина ба муқобили КОВИД-19 розӣ мешаванд.
Овозаву ҳангомаҳо дар бораи он ки гӯё воксина одамро безурриёт месозад ва баъди гирифтани дорӯ шахсони комилан солим низ ба коронавирус гирифтор шуда мемиранд, боиси он гаштанд, ки мардум аз гирифтани воксина саркашӣ намоянд. Баромадҳои табибон дар хусуси бе зарар будани воксинаҳои зидди коронавирус низ чандон самари хуб надоданд ва мири шаҳри Маскав усули дигари ҷалби мардумро ба воксинатсия пайдо намуда, дар байни шахсоне,ки ба таври ихтиёрӣ воксинаи зидди Ковид-19-ро гирифтаанд, бо унвони “Воксина-калиди саломатӣ” озмун-бозӣ эълон кард.
Хабаргузории РИА-Новостӣ дар такя ба сомонаи расмии мири Маскав Сергей Собянин аз ҷамбасти даври аввали ин бозӣ хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, ду нафар сокинони шаҳри Маскав-Галина Аркадьевна ва Артем Игоревич дар ин аксия ғолиб омадаанд. Мири шаҳри Маскав ба ғолибони аксияи “Воксина-калиди саломатӣ” ду хонаи як ҳуҷрагӣ тӯҳфа кардааст.
Ёдрас мешавем, ки аксияи мазкур аз 18 то 24 октябр дар байни шаҳрвандоне гузаронида шуд, ки ба таври ихтиёрӣ як ё ду вояи воксинаи зидди коронавирусро гирифтаанд. Дар аксия 138 999 нафар ширкат варзида, аз ин миён ду нафар ғолибон-Галина Аркадьевна ва Артем Игоревич хонаҳои якҳуҷрагӣ бурд карданд.
Дар кишвари мо низ на ҳама сокинон ба гирифтани воксинаҳои зидди коронавирус ҳавасманданд ва гузаронидани чунин маъракаҳо дар байни аҳолӣ муборизаро ба муқобили ин бемории ҳамагир пурқувват карда метавонад.