Сайид Умари Маъсум - ҳайкалтароши маъруфи тоҷик, ки муқими Олмон аст, ба Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллатро шахсан тақдим намуд.
Ин ҳайкалтароши чирадаст солҳост, ки дар Олмон ва дигар кишварҳои аврупоӣ кору зиндагӣ мекунад, симои бисёре аз сиёсатмадорон ва шахсиятҳои маъруфи ҷаҳонро бо нимпайкара, ҳайкали комил ва тандису дигар ҳунарҳои худ таҷассум кардааст.
Ӯ дар суҳбат гуфтааст, ки “солҳои зиёд орзу доштам бо ҳунари доштаам ба Тоҷикистону мардуми фарҳангсолори тоҷик хизмат намоям”.
Мавсуф бо Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе барои кору эҷод дар Тоҷикистон гуфтугӯ анҷом додааст ва ба оғози ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намудааст.