Дирӯз дар Варзишгоҳи марказии пойтахт футболбоздухтарони тими “Душанбе”-и шаҳри Душанбе бо як гурӯҳ намояндагони Федератсияи футболи Австралия мулоқот намуданд.
Вохӯрии мазкур бо ибтикори Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Австралия баргузор гашта, хеле ҷолиб ва хотирмон гузашт.
Намояндагони Федератсияи футболи Австралия Том Эндгигард, Ҷемма Сайман ва Карли Миккин бо мураббии тими духтарони футболбози “Душанбе” Гасимова Зебо Холовна ва шогирдонаш, ки чемпиони 5-каратаи Тоҷикистон мебошанд, дар боби нозукиҳои футболи занона ва рушди минбаъдаи он суҳбати ошкоро доштанд.
Дар рафти чорабинӣ Ҷемма Сайман, ки яке аз бонувони футболбози машҳури Австралия ба шумор рафта, дар гузашта узви тими миллии ин кишвар будааст, бо духтарони футболбози дастаи “Душанбе” машғулияти амалӣ (мастер-класс) гузаронд. Меҳмонон аз ҳунару маҳорати варзишии духтарони футболбози тими “Душанбе” ба ваҷд омаданд.
“Тоҷикистон як кишвари суннатӣ аст ва ростӣ, ман ҳеҷ интизор набудам, ки духтарони тоҷик дар футболбозӣ ин қадар моҳир гаштаанд. Духтарони шумо бо маҳорати хуби футболбозӣ ва қобилиятҳои варзишиашон маро қоил карданд. Дастгирӣ бештар гардад, боварии комил дорам, ки духтарони футболбози тоҷик минбаъд натиҷаҳои хубро ба даст оварда метавонанд”,- гуфт Ҷемма Сайман.
Ёдрас мешавем, ки дирӯз, 5-уми август дар шаҳри Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни дастаҳои мунтахаби занона (U-20) оғоз ёфт. Дар марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи «С» тимҳои ҷавонони Тоҷикистон, Австралия, Тайбейи Чин ва Фаластин ширкат меварзанд. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гашта, ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва се тими беҳтарини ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки дар Тайланд баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Шоми имрӯз, соати 22:00 дар варзишгои марказии пойтахт бозии тимҳои духтарони футболбози то 20-солаи Тоҷикистон ва Австралия баргузор хоҳад гашт.