Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон тибқи нақшаи муштараки шуъбаи кор бо ҷавонон ва шуъбаи илм, робитаҳои эҷодӣ ва инноватсия дар толори Шӯрои олимон дар доираи маҳфили “Устод-шогирд” вохӯрии рассоми шинохта, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Акмал Миршакар бо донишҷӯён баргузор гардид.
Вохӯриро сардори Шуъбаи кор бо ҷавонон Наврӯз Саидов ифтитоҳ намуда, дар мавриди рушди санъати тасвирӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ суханронӣ кард. Ба зикри ӯ, санъати тасвирӣ яке аз намудҳои ҳунарҳои қадимӣ мебошад, ки ҳанӯз бо ин кор одамони ибтидоӣ машғул буданду таассуроти худро дар девори ғорҳои калон, харсангҳо, иморатҳо, ибодатгоҳҳо, қасрҳо тасвир менамуданд.
“Санъати рассомӣ қобилияти баланди зеҳнӣ, мушоҳидакорӣ ва завқи эстетикиро талаб менамояд. Ин гуна фаъолияти эҷодӣ имконияти ҳарчи бештар дарк кардани зебоӣ ва ҳаводиси зиндагиро фароҳам оварда, дар баланд рафтани завқи бадеии инсон ва шакл гирифтани шахсияташ аҳамияти калон дорад”,- гуфт мавсуф.
Баъдан, мудири кафедраи санъатшиносӣ Бика Ёғибекова оид ба фаъолияти эҷодии Акмал Миршакар баромад намуда, қайд кард, ки имрӯзҳо даҳҳо рассомонро номбар кардан мумкин аст, ки босамар фаъолият мекунанд ва яке аз арбобони ин соҳа Акмал Миршакар, писари шоири маҳбуби тоҷик Мирсаид Миршакар мебошад, ки дар тӯли беш аз 40 соли собиқаи корӣ ба шогирдони бешумор нозукиҳои санъати рассомиро омӯхта, дар баробари омӯзгор будан, инчунин ҳамчун рассоми касбӣ фаъолият карда, дар суратҳои кашидааш манзараҳои зебои кишвари азизамонро бо маҳорати баланд тасвир кардааст.
“Ҳангоми шинос шудан ба фаъолияти ин рассоми маъруф шумо огоҳӣ пайдо мекунед, ки мазмуни асарҳои устод аз лиҳози композитсионӣ ифодакунандаи эҳсоси муҳаббат ба Ватан ва табиати он мебошад. Рассом тавонист дар ҳамин замина худшиносии миллиро ривоҷ диҳад ва ба оламиён муаррифӣ намояд, ки тоҷикон мардумони ҳунарманд, донишманд ва фарҳангӣ ҳастанд, зеро намоишҳои эҷодии устод дар чандин кишварҳои олам баргузор шудаву маҳсули зеҳниашон дар бузургтарин шаҳрҳои дунё намоиш дода шудаанд”,- гуфт Бика Ёғибекова.
Дар идомаи вохӯрӣ Акмал Миршакар оид ба нозукиҳои санъати тасвирӣ ва фаъолияти пурсамари худ бо донишҷӯён суҳбати озод кард ва ба саволҳояшон посух дод. Ӯ гуфт, омилҳое мавҷуданд, ки ба инсон таъсир мерасонанд, зеҳнро тасхир месозанд, ба торҳои эҳсос нохун мезананд ва он гоҳ дигар чизеро дар атроф намебинӣ, ба ҷуз он ҳолате, ки саропо туро асири худ кардааст. Оҳанги рӯҳи худро хеле гуворо мешунавӣ, ки оромиятро барҳам мезанад ва он гоҳ тамоми қафасҳои гирифториро дур меафканӣ ва меравӣ ба олами зебои руъёи хештан. Хуш ба ҳоли оне, ки ин лаҳзаро дарёбад ва ба баёни ҳолати рӯҳонӣ ва кайҳонии худ пардозад. Ҳолати эҷодии рассом маҳз чунин лаҳзаҳоро мунтазир мешавад, зеро он манбаи илҳоми ҳар як эҷодкор аст.
“Тахаллуси Миршакар аз хурдӣ маро ба кори бисёре водор мекард. Зеро ин масъулияти бузург ва таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба шахсияти ман ва насаби хонаводагии мо буд, хусусан дар замони кӯдак буданамон. Бинобар ин, аъло мехондаму мактабро бо баҳои хубу аъло хатм кардам ва баъдтар ба Донишкадаи давлатии академии рассомии Маскав ба номи В. И. Сурикова дохил шуда, он ҷоро бомуваффақият хатм кардам ва хушбахтам, ки чандин сол боз ба кори дӯстдоштаам машғул шуда, кӯшиш мекунам, ки масъулияти касб ва насаби Миршакарро бошарафона ба ҷо орам”,- гуфт Акмал Миршакар.
Ӯ гуфт, касби рассомӣ аз падар барояш мерос мондааст ва ҳоло аз рассом ба фарзандонаш, бахусус ба писараш Мирсаид Миршакар, ки ҳамноми бобояш аст.
Дар охири чорабинӣ муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Абдуғаффор Мирзозода суханронӣ намуда, нақши устод Акмал Миршакарро дар рушду ташаккули фарҳанги миллати тоҷик, махсусан санъати тасвирӣ бориз арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки дар оянда чунин вохӯриҳо бо дигар арбобони санъат низ баргузор мегардад, зеро маҳз тариқи мактаби “Устод-шогирд” ва воқиф шудани рассомони ҷавон аз рӯзгори арбобони ҳунар метавон онҳоро ба роҳи санъат дуруст роҳнамоӣ кард.