Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо роҳбари навтаъйини намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон ҷаноби Ко Сакамото баргузор гашт.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар вохӯрии мазкур ҳамзамон муовини вазир Зулфия Абдусаматзода, менеҷери Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” Исфандиёр Маҳмудзода, сардорони як қатор раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат иштирок намудаанд.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ҷаноби Ко Сакамоторо барои ба вазифаи роҳбари намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон таъйин шуданаш табрик гуфта, аз ҳамкориҳои судманди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд изҳори қаноатмандӣ намудааст.
Дар ин замина, гуфта шудааст, ки айни замон дар соҳаи тандурустии мамлакат 2 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд амалӣ шуда истодаанд, ки яке аз онҳо Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯи барои модар ва кӯдак” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат зимни вохӯрӣ аз ҷумла зикр намудааст, ки таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши тандурустӣ дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд ҳадафманд буда, ҷиҳати боло бурдани вазъи хизматрасонии тиббӣ дар мамлакат нақши босазо гузоштаанд, ки татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” аз ҷумлаи онҳо дониста мешавад.
Гуфта шудааст, ки ҳадафи амалисозии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон ва таъмири муассисаҳои тиббӣ, таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва маишӣ, баланд бардоштани савияи дониши кормандони тиб ва боло бурдани маърифати тиббии аҳолӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт, Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин мебошад.