Arzon march 2024
ВКД табиберо, ки мегуфт ”Худоро дидааст” боздошт кард
1532


Бахтиёр Шоҳев, мудири Маркази тибии "Шоҳёр" аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошт шудааст.

Ин табиби тоҷик, ки чанд рӯз қабл бо нашри як навори видеоӣ дар Ютуб иддао мекард “Худоро дидааст” ба барангехтани кинаву адовати миллӣ муттаҳам дониста мешавад.

Бахтиёр Шоҳев, ки солиёни зиёде худро ҳамчун табиби сутунмуҳра муаррифӣ намуда, муштариёни бешумори худро низ дошт, дар як навори видеоӣ, ки чанд рӯз қабл дар Ютуб пахш гашта, баъдан ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва сару садоҳои зиёдеро дар байни аҳли ҷомеа ба миён овард, худро назаркардаи худованд муаррифӣ карданӣ шуда мегуфт:
“Ман бисёр ғамгин мешудам, ки инсонҳо дар замин гуноҳ мекунанд, ҳамдигарро фиреб мекунанд. Ашкам барои халқ бисёр мерехт. Як рӯз ҳама гуноҳҳоро ҷамъ кардаму ҳамроҳи махлуқони дигар сайёраҳо гуноҳҳоро берун кардам ва худам ҳамроҳи онҳо назди Худо рафтам...”
Ин ба ном табиб, бо эҳсосоти халқ бозӣ кард истода бо нашри ин навор мардуми содаву зудбоварро ба “назаркардаи офаридгор” будани худ бовар кунонданӣ шуда, қасам мехӯрад, ки бо Худо вохӯрдааст ва мегӯяд:
“Агар офтобро дар як дастам ва моҳтобро дар як дастам диҳанд, аз суханам намегардам. Чизеро дидам, ҳамонро мегӯям, ки дар ҳақиқат Худоро дидам. Як маротиба не, чандин маротиба”.
Ба қавли Бахтиёр Шоҳев гӯё худованд ӯро дӯсти хеш хонда мегуфтааст: “Биё дӯстам, дар барам нишин, ҳар гоҳе, ки хостӣ, биё. Ту дӯсти ман ҳастӣ. Агар ту дӯсти ман намешудӣ, ба ту роҳ нишон намедодам. Ман туро халқ кардам, то ба халқам кумак намоӣ”.
Ҳамин тавр вай дар навор сафсаттаҳои зиёде хонда, ба таври худаш сифоти Худоро низ тасвир мекунад. Ба гуфти ин мард, гӯё Худо як ҷавони зебои сафедпӯст ва мӯяш зардчаи сурхчатоб (астағфуриллоҳ) буда, аз рӯяш нур меборад.
Бахтиёр Шоҳев дар ин навор мегуфт, қаблан “бо Хӯҷаи Хизр” вохӯрда аз ӯ маълумот мегирифт, вале баъдан ба “дидори ҷамоли Ҳақ” мушарраф гашта, ҳамчун “Дӯсти худо” чанд бор бо Худо сӯҳбат дошт, вале...
Акнун Бахтиёр Шоҳев аз ҷониби кормандони Вазорати умури дохилии кишвар боздошт шуд. ВКД мегӯяд, ин табиб ба хотири ҷалби бештари муштариён ин навори пурсару садоро дар Ютуб пахш кардааст. Бахтиёр Шоҳев ба "барангехтани кинаву адовати миллӣ" муттаҳам дониста мешавад. 

Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД