Аз ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки симкортҳои мобилиашон бо шиносномаи намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудаанд, хоҳиш карда мешавад, ки таъҷилан барои иваз намудани шиносномаҳои худ ба хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд.
Вазорати корҳои дохилии кишвар дар як муроҷиати худ ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки симкортҳои худро аз нав ба қайд гиранд. Дар хабарномаи вазорат омадааст, ки мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳои мобилӣ бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 то 15-уми феврали соли 2023 муайян шудааст.
Кадом ҳуҷҷатҳо барои ивази шиносномаи дохилӣ лозим аст?
Барои иваз намудани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 ба намунаи нави соли 2014 ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
1. Шиносномаи намунаи соли 1996.
2. Рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
3. Маълумот оид ба гурӯҳи хун (ихтиёрӣ).
4. Расид (квитансия) ба андозаи 10 доллари ШМА бо асъори миллӣ (иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробар карда шуда, нафақахӯрон, маъюбони гурӯҳи 1 ва 2 аз пардохти маблағи шиноснома озоданд).
5. Дафтари ҳавлӣ ё ордери хона (манзилнома) ё маълумотнома аз ҷамоати деҳот.
6. Шаҳодатномаи ақди никоҳ (ё бекор кардани ақди никоҳ).
7. Як дона сурати сиёҳ-сафеди 3,5 х4,5 мм.