Бо фаро расидани тирамоҳ мӯйи сарро бо шампунҳои безарар шустан лозим аст, беҳтараш аз шампунҳои дорои моддаи лаурелсулфат натрий истифода набаред.
Барои он ки мӯятон бо осонӣ шона шавад, аз балзам истифода баред. Мӯйи сарро бо оби ҷӯшон неву бо оби ширгарм бояд шуст. Ба ҷои об гиёҳоби бобуна ё газна (крапива)-ро истифода бурда, рехтани мӯйро манъ кунонидан мумкин аст.
Мӯйи сарро бо оби баҳр ё оби хлордошта нашӯед. Барои он ки мӯйи сар ҳангоми саршӯӣ осеб наёбад, пеш аз саршӯӣ бо шонаи чӯбин сарро шона кунед. Дар як рӯз ду маротиба сарро маҳс кунед. Ҳамарӯза нӯгҳои гулкардаи мӯйро қайчӣ кунед. Агар мӯй гул карда бошад, аз афзоиш мемонад. Мӯйи сарро аз борону сардӣ, шамолу офтоб ҳифз кунед.
Аз истифодаи ҳар гуна фен ва асбобҳои мӯйҳамворкунак ва мӯйҷингилакунак худдорӣ намоед. Ин асбобҳои барқӣ ба мӯй зарар мерасонанд.
Маслиҳат. Аз ниқобҳои махсусе, ки барои мустаҳкам ва барқароршавии мӯйҳои осебёфта муқаррар гардидаанд, худдорӣ намоед.
Ғизои солим
Норасоии витамин ва минералҳо дар организм сабаби ҷиддии рехтани мӯй мегардад. Хусусан норасоии витаминҳои гурӯҳи В, витаминҳои А,Е ва С ба рехтани мӯй таъсири сахт мерасонанд.
Витаминҳои В1 ва В2 барои афзоиши мӯй ва мубодилаи модаҳо ҷавобгӯ аст. Он дар таркиби чормағз, шир, нон, ҷигари моҳӣ ва растаниҳои ғалладона вуҷуд дорад.
Ҷавҳари пантотен ба калобаҳои мӯй оксиген равона сохта, онро мустаҳкам месозад. Он дар таркиби ҷигар ва гурдаи ҳайвонот, икра, зардии тухм ва гулкарам вуҷуд дорад.
Витамин В6 хушкии пӯстро рафъ месозад, пайдоиши сабӯсакро рафъ ва рехтани мӯйро пешгирӣ мекунад, Витамини мазкурро дар таркиби карам, маҳсулоти гӯштӣ ва чормағз пайдо карда метавонед.
Ҷавҳари фолиевӣ — В9 мӯйро афзоиш медиҳад. Дар таркиби фалла, шир, тухм ва моҳӣ вуҷуд дорад.
Витамини В10 пӯсти сарро ғизо мебахшад. Онро аз таркиби гандум ва растаниҳои ғалладонагӣ пайдо кардан мумкин аст.
Витамини А мӯйро мустаҳкам месозад, он дар таркиби равғани маска, сабзӣ, зардолу, ҷигари равғанмоҳӣ вуҷуд дорад.
Витамини Е барои гардиши хун дар пӯсти сар ҷавобгӯ аст. Дар таркиби чормағз ва моҳии баҳрӣ вуҷуд дорад.
Витамини С мӯйро афзоиш медиҳад. Дар таркиби карам, меваҳои ситрусӣ, настаран ва ғайра вуҷуд дорад.
Муҳим он аст, ки дар ҳавои сард сари луч нагардед. Агар мӯятон дароз бошад, онро ба даруни либоси берунаи худ дароред.
Пешгирӣ
Барои он ки дар фасли тирамоҳ мӯятон нарезад, дар фасли тобистон организми худро нағзакак омода созед. Барои ин муҳим аст:
• Масуниятро мустаҳкам созед;
• Ғизои дуруст истеъмол кунед;
• Аз фенҳои ороишӣ истифода набаред;
• Сари худро аз таъсири муҳит пинҳон намоед;
• Витамин истеъмол кунед.
• Бемориҳои зукомро сари вақт табобат кунед.
• Ҳамарӯза ниқобҳои ғизобахш молед.
• Мӯйро бо шампунҳои бе зарар шӯед.
Ҳолати мӯйи инсон бо саломатияш алоқамандии зич дорад. Агар ба маслиҳату тавсияҳои боло гӯш андозед, аз мушкилоти зиёде дар амон мемонед.