ВИЧ-СПИД бемории табобатнашаванда ба шумор мерафт. Бисёриҳо ҳатто бо шунидани номи ин беморӣ ба даҳшат меафтоданд, вале табиби машҳури эронӣ Ораш Алоӣ, ки машваратчии калони USAID ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мебошад, мегӯяд, СПИД дигар касалии хавфнок ва табобатнашаванда нест ва шахсоне, ки ба ин вирус гирифтор ҳастанд, агар табобати заруриро бигиранд, метавонанд мисли дигарон ҳаёти хушбахтона ба сар баранд. Дар барномаи навбатии “Солимӣ” Ораш Алоӣ дар бораи роҳҳои пешгирӣ ва табобати ВИЧ-СПИД маълумот медиҳад.