Commerce bank may-june 2026
ВЧД дар кӯдакон
29

Роҳҳои пешгирии он кадом аст?

Баландшавии фишори дохили косахонаи сар дар кӯдакон, ки дар байни мардум бештар бо вожаи русии “внутричерепное давление” машҳур аст, солҳои охир дар байни тифлон зиёд во мехӯрад. Ба хотири пешгирии ин беморӣ ва кӯмак ба волидон мо дар бораи сабабҳои пайдоиши ин беморӣ ва роҳҳои ташхису табобати он бо табиби асабшинос Имомиддин Шарофиддинов суҳбат оростем ва инак фишурдаи муҳовараамонро манзуратон месозем.

- Дар оғоз дар бораи баландшавии фишори дохили косахонаи сар дар кӯдакон каме маълумот медодед...

- Аслан ин ҳолат бар асари зиёдшавии моеи ҳароммағз (ликвор) - як нав моеъ дар меъдачаҳои майнаи  сар ба вуҷуд меояд, ки фишорро натанҳо ба устухонҳои косахонаи сар, балки ба бофтаҳо ва рагҳои хунгард низ афзун намуда, боиси пайдоиши як қатор аломатҳо мегардад. Сабабҳои пайдоиши ВЧД зиёданд, бинобар ин, волидон бояд бо мушоҳида намудани нишонаҳои аввалини баландшавии фишори дохили косахонаи сар дар кӯдак фарзанди худро ҳатман назди табиби кӯдакона ё невропотолог баранд, чунки сари вақт табобат накардан оризаҳои дигарро ба вуҷуд оварда метавонад.

- Аз рӯйи кадом аломатҳо фаҳмидан мумкин аст, ки тифли навзод ба ин беморӣ гирифтор мебошад?

- Аломатҳои асосии баландшавии фишори дохили косахонаи сар дар кӯдакони навзод ва то яксола инҳоянд:  

·        Зиёд гиря кардани кӯдак;

·        варам кардани нармаки сар (родничок); 

·        қайкунии шадид;

·        нооромии доимӣ;

·        вайроншавии реҷаи хоби кӯдак;

·        кам шудани иштиҳо;

·        Олусии чашмони кӯдак;

·        калон шудани ҳаҷми косахонаи сари кӯдак.

Дар алоҳидагӣ ин нишонаҳо мавҷудияти ВЧД-ро нишон намедиҳанд, аммо ҳамаи ин нишонаҳо дар якҷоягӣ ба назар расанд, бидонед, ки фарзанди шумо ба баландшавии фишори дохили косахонаи сар гирифтор мебошад.

- Аломатҳои ВЧД дар кӯдакони аз яксола боло чи гуна зуҳур мекунанд?

- Дар кӯдакони аз яксола боло баландшавии фишори дохили косахонаи сарро аз рӯйи нишонаҳои зерин фаҳмидан мумкин аст:

·        Қайкунӣ, ки сабукии муваққатиро ба вуҷуд меорад;

·        Дилбеҳузурии доимӣ, ки ба истеъмоли ғизо вобаста нест;

·        Хотирпарешонӣ ва ҳатто аз ҳуш рафтани кӯдак;

·        Инҷиқӣ ва асабонияти зиёд;

·        Сустии аъзои бадан ва заъфи умумӣ;

·        Чарх задани сар;

·        Дарди шадиди сар, ки бо истифодаи дорӯ низ ором намегирад;

·        Паст шудани биноӣ.

Варам кардани торҳои асаби чашм ҳангоми муоинаи офтальмологӣ

Эҳсоси пардаи туман дар пеши чашм ва сиёҳӣ задани чашмон ҳангоми хамшавӣ

- Наврасон ҳам ба ин беморӣ гирифтор мешаванд?

- Бале, мешаванд. Дар наврасон аломатҳои баландшавии фишори дохили косахонаи сар инҳоянд:

·        Сустшавии хотира ва диққатнокӣ;

·        Бе сабаб ё бо баҳонаҳои ночиз зуд асабонӣ шудани наврас;

·        Аз ҳад зиёд эҳсосотӣ шудани наврас;

·        Инҷиқӣ;

·        Дарди шадиди сар, ки асосан шабона ба вуҷуд меояд;

·        Бехобӣ ё вайроншавии реҷаи хоб;

·        Субҳгоҳон бо душворӣ аз хоб бедор шудани наврас;

·        Дилбеҳузурӣ, ки ба хӯрдани ғизо иртибот надорад.

- Чаро ВЧД бештар дар кӯдакони навзод ба назар мерасад?

- Омилҳои баландшавии фишори дохили косахонаи сар дар кӯдакон хеле зиёданд. Дар тифлакони навзод ин иллат бештар ба давраи пеш аз таваллуд вобастагӣ дорад. Як қатор бемориҳои сироят дар давраи ҳомиладорӣ ба саломатии тифли батни зан таъсири манфӣ мерасонад ва дар натиҷа кӯдак дар моҳҳои аввали баъди таваллуд ба баландшавии фишори косахонаи сар  гирифтор мешаванд, ки сабабҳои асосиаш инҳоянд: 

·        Ба бемории сурхча гирифтор шудани зан дар давраи ҳомиладорӣ;

·        Вируси герпес доштани модар;

·        Ба бемории винерикии сифилис гирифтор будани зани ҳомила;

·        Нуқсонҳои системаи марказии асаб;

·        Ҳангоми таваллуд осеб-травма гирифтани кӯдак;

·        Пеш аз мӯҳлат-норасид ба дунё омадани кӯдак;

·        Норасоии оксиген ҳангоми таваллуд.

Сабабҳои дигари гипертонияи косахонаи сар ё ВЧД инҳоянд:

·        Захмҳои гуногуни ғайрисироятии мағзи сар;

·        Нейроинфексияҳои шадид;

·        Гидросефалия;

·        Омосҳои гуногуни майнаи сар (варамҳо ва кистаҳо);

·        Вайроншавии гардиши хун дар мағзи сар аз сабаби тромбоз;

·        Осеби мағзи сар;

·        Заҳролудшавии шадид;

·        Нуқсонҳои рушди майнаи сар;

·        Ихтилоли ҳормонӣ;

·        Пеш аз муҳлат маҳкам шудани нармаки сар (родничок);

·        Фарбеҳӣ;

·        Истифодаи дарозмуддати баъзе доруҳо ё қатъи якбораи дору.

- Барои фаҳмидани он ки тифл дар ҳақиқат иллати баланшавии фишори дохили косахонаи сар дорад ё не, чи бояд кард?

- Ташхис ва табобати саривақтии баланшавии фишори дохили косахонаи сар дар кӯдакон хеле муҳим аст. Мақсади ташхис бояд натанҳо муайян кардани мавҷудияти ВЧД, балки муайян кардани сабаби пайдоиши ин ҳолат бошад. Маъмулан барои ташхис аз усулҳои зерин истифода мебаранд:

·        Нейросонография – ташхиси ултрасадои сохторҳои дохили косахона тавассути малоҷаи сар (родничок). Гузаронидани ин намуди ташхис танҳо дар кӯдакони то яксола имконпазир аст;

·        Томографияи компютерӣ ё МРТ дар сар;

·        Муоинаи қаъри чашм –глазное дно аз ҷониби табиби чашм;

·        УЗИ- рагҳои гардан ва сар.

- Оё доруҳои оромбахш метавонанд баланшавии фишори дохили косахонаи сарро дар кӯдакон шифо бахшанд?

- Бидуни таъиноти духтур бо мақсади халосӣ аз баландшавии фишори косахонаи сар ба кӯдак аз пеши худ ё бо маслиҳати дигарон додани дору қатъиян манъ аст. Ҳаргиз фаромӯш накунед, як доруи ноҷое, ки шумо ба кӯдак медиҳед, метавонад оқибатҳои ногуворро ба бор оварда метавонад. Табобатро танҳо муттахассис, яъне табиби асабшиноси кӯдакона баъди гузаронидани тамоми ташхисҳои зарурӣ таъин карда метавонад.

- Маслиҳати шумо ба падару модароне, ки фарзандашон ба иллати баландшавии фишори косахонаи сар гирифтор аст? 

- Тавсияи ман ҳамчун табиб ба волидон он аст, ки бо мушоҳида кардани аломатҳои ин беморӣ ҳатман фарзанди худро ба назди табиби асабшиноси кӯдакона баранд ва табобати фармудаи муттахассисро сари вақт бигиранд. Фаромӯш набояд кард, ки пешгирии беморӣ ва табобати он ва бартараф намудани оқибатҳои эҳтимолиаш осонтар аст.

- Саломат бошед! 

Мусоҳиб: Ф. САТТОРӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД