Тавре қаблан хабар дода будем, Ҳукумати Тоҷикистон бо қабули як қарор муҳлати таътилҳои мактабиро тағйир дода, муқаррар кард, ки минбаъд хонандагон дар таътилҳои тирамоҳӣ ва зимистона 7 рӯз ва таътили баҳорӣ 5 рӯз истироҳат мекунанд.
Мувофиқи тартиби нав рӯзҳои таътили тирамоҳӣ аз 1 то 7-уми ноябр, зимистона аз 1 то 7-уми январ ва баҳорӣ аз 25 то 29-уми март давом мекунанд. Соли хониши 2024/2025 бидуни назардошти аттестатсияи ҷамъбастӣ 35 ҳафта ва барои хонандагони синфи 1-ум 34 ҳафта пешбинӣ шудааст.
Вазорати маориф ва илми кишвар сабаби кам шудани рӯзҳои таътилро шарҳ дод. Ин ниҳод гуфт, ки тартиби нав аз 28-уми марти соли 2024 тасдиқ шуд. Ин реҷа, ки то соли 2016 амал мекард, боз мавриди амал қарор гирифт.
Ба иттилои вазорат, омили асосии камшавии рӯзҳои таътил аз ҳисоби зиёдшавии рӯзҳои таътили тобистона аст, зеро бо назардошти тағйирот, ҳафтаҳои хониш аз 36 то 35 ҳафта кам шуда, дар ҳамин ҳол, чоряки чорум на 14-уми июн, балки 31-уми май ба охир мерасад. Аз ин рӯ, таътили тобистона дар мактабҳо аз 1-уми июн оғоз мешавад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан хонандагони тоҷик дар таътилҳои тирамоҳӣ, зимистона ва баҳорӣ 10 рӯз истироҳат мекарданд: аз 1 то 10-уми ноябр, аз 1 то 10-уми январ ва аз 21 то 31-уми март. Реҷаи нави истироҳат аз кай татбиқ мешавад, маълум нест.