Хонандагони синфҳои 1 аз 25- майи соли 2025 ба таътили тобистона мебароянд, вале дарсҳои хонандагони синфҳои 2-11 санаи 31- май ба анҷом хоҳанд расид.
Тавре ки Вазорати маориф ва илми кишвар хабар додааст, имтиҳоноти хонандагони синфҳои 4- 8 ва 10 аз 2 то 10 июн идома меёбанд. Синфҳои 9 аз 2 то 16 июн имтиҳон месупоранд.
Имтиҳонҳои хонандагони синфҳои 11 аз 2 июн сар шуда, то 20 июн идома меёбанд.