Вазорати маориф ва илми кишвар ба шикоятҳои шаҳрвандон дар васоити ахбори омма дар бораи маҷбурӣ будани харидории либоси мактабӣ ва сифати пасти он посух дод.
Дар изҳороти худ вазорат қайд кардааст, ки дар раванди дӯхт, таъмин ва фурӯши либоси мактабӣ ва маводи конселярӣ ширкат намекунад. Бино ба маълумоти вазорат, масъулони ташкил ва фурӯши либоси мактабӣ ва дигар лавозимот Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва мақомоти маҳаллӣ мебошанд. Сифати молҳоро «Тоҷикстандарт» назорат мекунад.
“Ярмаркаҳо бояд берун аз муассисаҳои таълимӣ - дар маркази шаҳрҳо, ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот баргузор шаванд. Ҳадафи асосии онҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои дастрасии хонандагон ба молҳои мактабӣ мебошад”,- омадааст дар изҳорот.
Ҳамчунин, вазорат тавзеҳ додааст, ки ба мактабҳо ва омӯзгорон рӯйхати либоси мактабӣ фиристода шудааст, ки танҳо тавсиявӣ мебошад.
Дар изҳорот зикр гардидааст, ки мувофиқи моддаи 3-и Қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад мустақилона, бе дахолати шахсони сеюм мол ё хизматрасониро интихоб намояд.
Вазорат шаҳрвандонро даъват мекунад, ки дар ҳолати ба вуҷуд омадани шикоятҳо ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, «Тоҷикстандарт» ва мақомоти маҳаллӣ муроҷиат намоянд.