Вазорати фарҳанги Тоҷикистон талош дорад, ки коргардон ва ҳунарманди машҳури тоҷик Нозим Меликовро барои табобат ба Ҷумҳурии Исломии Эрон фиристад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд.
Ба гуфти масъулини вазорат, Матлубахон Сатториён, вазири нави фарҳанги ҷумҳурӣ ин масъаларо зери назорати шахсии хеш гирифта, расман бо мактуб ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон муроҷиат намудааст, то ҷиҳати барои табобат ба Эрон фиристодани коргардон ва ҳунарманди маҳбуб Нозим Меликов мусоидат намоянд.
“Бо ҷониби Эрон низ алакай дар ин масъала гуфтушунидҳо анҷом дода шудаанд ва ба наздикӣ Нозим Меликов барои табобат ба ин кишвар фиристода мешавад”,- гуфтанд дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.
Ба гуфтаи масъулини ин ниҳод, кай оғоз намудани табобатро пизишкон муайян хоҳанд кард.
Ёдрас мешавем, ки коргардон ва ҳунарманди маҳбуби тоҷик Нозим Меликов аз бемории паркинсон ранҷ мекашад.