Ҳангоми суқути чархбол дар вилояти Киев вазири корҳои дохилии Украина Денис Монастырский кушта шуд, хабар дод сомонаи сомонаи расмии ВКД Украина.
«Субҳи имрӯз як чархболи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар Броварӣ суқут кард. Дар натиҷаи суқут роҳбарияти ВКД, аз ҷумла вазир, муовини аввали вазир ва котиби давлатӣ ҷон бохтанд», — навиштааст манбаъ.
Бояд гуфт, ки Денис Монастырский ҳамчун вазир, Евгений Енин дар вазифаи муовини аввали вазир ва Юрий Лубкович дар вазифаи котиби давлатии Вазорати корҳои дохилӣ кор мекарданд.