Formula novemver 2024
ВАЗИРИ СОБИҚИ АФҒОНИСТОН ДАР ОЛМОН БО ДУЧАРХА ПИТСА МЕКАШАД
2321


Вазири алоқа ва технологияҳои иттилоотии Афғонистон Сайёд Аҳмад Шат Саодат дар шаҳри Лейпсиги Олмон ба ҳайси курер (доставщик) фаъолият дорад- 22 авгуcт хабар медиҳад EHA news.

Тибқи маълумоти ин портал, собиқ Вазири Афғон коргари хадамоти расонидани питса бо номи Lieferando мебошад ва бо велосипед ба хонаҳои аҳолӣ питса мебарад.

Чуноне ки маҷаллаи Leipziger Volkszeitung менависад, соли 2018 Саодат ба ҳайати ҳуҷраи вазирон дар замони Ашраф Ғанӣ дохил шуда буд. Саодат масъули алоқаи мобилӣ барои деҳот буд. Дар соли 2020, ҳукумати Ғанӣ ӯро маҷбур кард, ки истеъфо диҳад, зеро Саъодат аз шӯъбаи худ ба стратегияи ҳукумат барои мубориза бо Толибон интиқол додани маблағро рад кард. Дар натиҷа вазир ба Олмон кӯчид ва зиндагии навро дар онҷо оғоз намуд.

Ёдрас мешавем, ки 15 августи соли 2021 ҷангҷӯёни ҳаракати мамнӯъи Толибон ба Кобул ворид шуданд ва дар Афғонистон ба охир расидани ҷангро эълон намуда, инро “озодии мамлакат” номиданд, аммо нерӯҳои зидди Толибон дар Панҷшер ҷамъ омада, даъво доранд, ки ҷангиёни ин ҳаракатро саркӯб хоҳанд кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД