Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар робита ба истифодаи телефону планшет дар мактаб аз ҷониби хонандагон гуфт, ки онҳо ҷонибдори ин тасмиманд ва ҳатто тамоми китобҳои дарсӣ дар версияи электронӣ дар сомонаи вазорат ҷойгир шуда, барои боргирӣ қобили истифода аст.
Вазир шарҳ дод, ки ду сол пеш онҳо лоиҳаеро доир ба ҷорӣ намудани истифодаи телефону планшетҳо дар ҷараёни таҳсил дар мактабҳои миёна пешниҳод карданд, ки бояд дар сатҳи Вазорати маориф ва миёни фаъолони ҷомеа баррасӣ мешуд.
“Лекин лоиҳа бинобар сабаби норозигии волидон амалӣ нашуд, зеро ба ақидаи онҳо, планшет таваҷҷуҳи кӯдаконро аз ҷараёни таълим дур мекунад. Аксарият бар ин назаранд, ки хонандагон ба ҷойи дарсхонӣ ба бозӣ машғул мешаванд”,- таъкид кард вазир.
Вале, вазири маориф илова намуд, ки ин масъала ҳоло ҳам ҳалношуда боқӣ монда, минбаъд низ баррасӣ мешавад, зеро дар замони рушди технологияи иттилоотӣ ин масъала мубрам боқӣ мемонад.
“Дарвоқеъ ҳам, имрӯз технологияҳои нав босуръат дар ҳоли рушданд ва мо ҳам намехоҳем, ки қафо монем, мехоҳем, ки ҳамқадами замона бошем, аз ин рӯ оянда низ ин ташаббусро баррасӣ хоҳем кард”,- гуфт Раҳим Саидзода.
Ёдовар мешавем, ки 1-уми августи соли 2023 Раҳим Саидзода изҳор дошта буд, ки вазорат лоиҳаи наверо таҳия мекунад, ки пас аз қабули он ба истифодаи планшет ва дигар воситаҳои техникӣ дар мактабҳо иҷоза дода мешавад. Аммо баъди 6 моҳ вазир дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Омӯзгор” гуфт, масъалаи истифодаи планшет ва телефонҳои мобилӣ танҳо ба хотири беҳбуди таълим ва на бештар аз он баррасӣ шуда буд.
“Бо фароҳам омадани имконоти мусоид ва дарёфти сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ Вазорати маориф ва илм тавонист бо чопи муназзами китобҳо муассисаҳои таълимиро қариб пурра бо китоби дарсӣ таъмин намояд. Бинобар ин, лоиҳаи мазкур вобаста ба истифодаи телефону планшетҳои таълимӣ дар раванди дарс татбиқ намегардад”,- гуфта буд он замон Раҳим Саидзода.